Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Созмони Милал ҳамла ба раҳпаймоии низомӣ дар Эронро маҳкум карданд, ки дар натиҷаи он ба гуфтаи матбуоти давлатӣ 25 нафар кушта шуданд ва 60 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Вазорати умури хориҷии Амрико шоми 22-уми сентябр гуфт, “Мо дар муқобили балои терроризми исломӣ дар канори мардуми Эрон ҳастем ва ҳамдардии худро ба онҳо баён мекунем.”
Рӯзи 22-уми сентябр ҳангоми раҳпаймоии бахшида ба ёдоварӣ аз оғози ҷанги 8 солаи Эрону Ироқ дар солҳои 80-уми асри гузашта афроди мусаллаҳ, ки либоси низомӣ ба тан доштанд, ба тирандозӣ шуруъ карданд. Ҳодиса дар шаҳри Аҳвоз сурат гирифт ва ба гуфтаи мақомот як зану як кӯдак ҳам дар ин ҳодиса осеб диданд.
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ҳамларо кори дасти “кишварҳои дастнишондаи Амрико” номид. Ба гуфтаи мақомоти Эрон, аз миёни чаҳор ҳамлагар се нафарашон дар маҳалли ҳодиса ва чаҳорумӣ дар бемористон ҳалок шудааст.