Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, ваъда дод, ки бо вуҷуди фишори Амрико, кишвараш аз мушаксозӣ даст намекашад. Дар суханронии бахшида ба оғози ҷанги ҳаштсолаи Эрону Ироқ, ки соли 1980 шуруъ шуд ва то соли 1988 идома кард, Руҳонӣ гуфт, “Эрон аз аслиҳаи дифоии худ даст намекашад, ба шумули мушакҳо, ки Амрикоро сахт ба хашм овардааст.”
Эрон мушакҳои қодир ба парвоз дар масофаи 3500 километрро дорад, ки то ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна мерасанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ки кишварашро аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ кард, барномаи мушакии Эронро ҳам мисол овард.
Бар асоси ин созиши соли 2015, Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд сохт ва қудратҳои ҷаҳонӣ тахримот ба зидди Эронро сабук карданд. Ҳасан Руҳонӣ зимни суханронӣ дар рӯзи 22-уми сентябр гуфт, Доналд Трамп дар муқобила бо Эрон, мисли Саддом Ҳусайн, ки дар ҷанг бо Эрон шикаст, хурд, ноком мешавад. “Бо Трамп ҳам чунин хоҳад шуд, Амрико ба сарнавишти Саддом Ҳусайн дучор мешавад”.