Шоҳҷоизаи ҷашнвораи байналмилалии синамои Алмато, ки 19 сентябр дар Қазоқистон ба поён расид, насиби филми "Булӯр"-и филмсозони Беларус, Русия, Олмон ва ИМА шуд. Филм асосан аз сарнавишти зане бо номи Веля аз Минск ҳикоят мекунад.
Ҷоизаро ба яке аз коргардонҳои филм Валерия Дмитроченко раҳбари ҳайати ҳакамон, коргардони рус ва филмнавис Сергей Бодров тақдим кард.
Ин нахустин бурди филми "Булӯр" нест. Филм гран-прии "Дюки тилоӣ"-и ҷашнвораи байналмилалии синамои Одесса ва ҷоизаи асосии 26-умин ҷашнвораи синамо- "Даричае ба Аврупо"-и Русияро ба даст овардааст.
Ҷамъан дар ҷашнвораи синамои Алмато даҳ филм иштирок кард. Яке аз онҳо маҳсули дасти коргардони қазоқ Одилхон Ержанов бо номи "Бетафовутии ороми ҷаҳон" аст. Асари мазкур дар яке аз бахшҳо – ҷоизаи махсуси ҳакамон - баранда эълом шуд.
Ҷашнвораи байналмилалии Алматӣ бори нахуст баргузор шуда, аз 15 то 19 сентябр идома кард.