Додситонҳои СНГ мубориза бо терроризму коррупсияро баррасӣ мекунанд

Додситонҳои куллии кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ дар ҷаласаи шаҳри Душанбе рӯзи 20 сентябр масоили муборизаи муштарак зидди терроризм, фурӯши маводи мухаддир ва коррупсияро баррасӣ мекунанд. Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи созмони Муштарак-ул-Манофеъ хабар додааст, ки дар ҷараёни ин ҷаласа дар маҷмӯъ 17 масъала баррасӣ мешавад. Инчунин дар ҷараёни ҷаласаи додситонҳои кулл қарор аст барномаи корӣ барои солҳои 2019-2023-ро қабул кунанд.