Попи Рум робитаи ҷинсии зану мардро "ҳадяи яздон" номид

Попи Рум Франсиск

Попи Рум Франсиск гуфт, ки робитаи ҷинсии зану мард "ҳадяи яздон" аст, на мавзӯи мамнӯъ. Поп ин нуктаро рӯзи 17-уми сентябр дар мулоқот бо ҷавонони Фаронса баён кард. Ба қавли Франсиск, алоқаи ҷинсӣ барои эҷоди як зиндагии ҷадид муҳим аст.

Поп гуфт, ишқи пуршӯри зану мард роҳро барои "зиндагии ҷовидонӣ" боз мекунад. Франсиск аз порнография ё наворҳои фаҳш интиқод кард ва онро "саноати дурӯғ" номид, ки аз ишқ ҷудо аст ва барои дилхушӣ истифода мешавад.

Калисои католикӣ робитаи ҷинсии бидуни никоҳ, истифодаи рифола ва бунёди оилаи нави баъди талоқро маҳкум мекунад.

Соли 2010 Попи Рум Бенидикти XVI мавқеи худро ба истифодаи рифола ҳангоми робитаи ҷинсӣ нармтар кард ва гуфт, ки он аз олудагӣ ба бемориҳое мисли СПИД ҷилавгирӣ мекунад.