Даъвогари бадахлоқии додрас Кавано таҳқиқи қазияро дархост кард

Бретт Кавано

Тасдиқи душвори номзадии додрас Бретт Кавано ба Додгоҳи Олии ИМА, бо талаби зани даъвогар барои таҳқиқи қазия аз ҷониби Бюрои федеролии тафтишот -FBI, гардиши нав касб кард.

Райъдиҳии номзадии Бретт Кавано дар Кумитаи Сенати Амрико мутавақиф шуд ва акнун додрас ва Кристин Форд-зане, ки ӯро ба бадахлоқии ҷинсӣ муттаҳам кардааст, бояд дар ҷаласаи умумӣ ба суолҳо посух бигӯянд.

Аммо Форд дар як нома, ки рӯзи 18 сентябр нашр шуд, гуфт, қабл аз он ки ӯ барои пурсишу посух дар кумитаи Сенат ҳозир шавад, Бюрои федеролии тафтишот бояд қазияро таҳқиқ кунад.

Професстори колеҷи Калифорния Кристин Форд, охири ҳафтаи гузашта додарсро ошкоро ба ин муттаҳам кард, ки ӯ соли 1982, замоне, ки ҳарду дар синҳфои болои таҳсил мекарданд, Кавано ба ӯ дастдарозӣ карда буд.

Бретт Кавано - дуюмин номзади президент Трамп ба мақоми додгустарӣ дар Додгоҳи Олии ИМА, иттиҳомро рад мекунад.

Муқовимати сенаторҳои демократ ва ҷумҳурихоҳ дар фосилаи 6 ҳафта аз интихоботи сарнавиштсози миёндаврӣ, ки дурнамои назорат бар Конгрессро муайян мекунад, ҷараён дорад.

Додгустарҳои Додгоҳи Олӣ баъди тасдиқи номзадиашон дар Сенат барои якумр дар ин ниҳоди муҳим фаъолият мекунанд. Демократҳо аз ин нигаронанд, ки агар номзадии Кавано тасдиқ шавад, Додгоҳи Олӣ дар дар бисёр ҳолат мавқеи муҳоифзакорӣ касб мекунад.