Рӯзи 18 сентябр дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои узви ҷомеаи Муштарак-ул-Манофеъ (ИДМ) баргузор мешавад. Ин ҷаласа дар Кохи «Малика»-и ноҳияи Варзоб баргузор мешавад.
Оҷонсии «Ховар» бо такя ба масъули Вазорати адлияи Тоҷикистон Бахтиёр Қобилов мегӯяд, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони адлия масъалаҳои табодули таҷрибаи истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва танзими қонунгузорӣ дар заминаи назорати ҷамъиятӣ аз мақомоти иҷрои ҷазо дар баррасӣ мешавад.
Ҳафтаи ҷорӣ инчунин дар Душанбе ҷаласаи додситонҳои кулли кишварҳои ИДМ ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор мешавад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки рӯзҳои 19-21 сентябр ташрифи прокуророни генералӣ дар назар аст.