Созиши Эрдуғону Путин барои ташкили минтақаи ғайринизомӣ дар Идлиб

Президентҳои Русия ва Туркия -- Владимир Путин ва Раҷаб Эрдуғон шоми 17 сентябр бо нашри як изҳороти муштарак гуфтанд, ки дар робита ба ташкили як минтақаи ғайринизомии 20-километрӣ дар вилояти Идлиби Сурия ба созиш расиданд. Ин изҳорот дар поёни мулоқоти президентон дар Сочии Русия нашр шуд.

Дар изҳорот омадааст, ки минтақаи ғайринизомӣ бояд то 15 октябр ташкил шуда, тамоми нирӯҳои мусаллаҳ шаҳрро тарк кунанд. Ҳамчунин ҳамаи техникаҳои вазнини низомӣ низ то 10 октябр аз шаҳр берун бурда шаванд.

Ҳудуди минтақаи мазкурро низомиёни русу турк посбонӣ мекунанд.

Раҳбарони Русия ва Туркия 17 сентябр дар шаҳри Сочӣ мулоқот карда, вазъ дар Сурия ва масоили тиҷориву амниятиро баррасӣ карданд.

Мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар қасри Бочаров беш аз се соат давом кард ва Эрдуғон пеш аз он ваъда дод, ки натиҷаҳои гуфтугӯи ӯ бо Путин дар бораи Сурия барои тамоми минтақа "умеди наве хоҳад бахшид".

Вилояти Идлиб охирин минтақаест, ки аз идораи артиши Сурия берун аст. Ин минтақа дар дасти мухолифон ва исломгароёни мусаллаҳ аст. Низомиёни рус тайи ҳафтаи ахир дар Идлиб чанд зарбаи ҳавоӣ анҷом дода, ИМА-ро аз анҷоми чандин зарбаи дигар дар оянда огаҳ карданд.

Русия ва Эрон аз президенти Сурия Башор Асад ҷонибдорӣ мекунанд, ки мегӯяд, Идлиб бояд дар дасти нирӯҳои ҳукумат бошад. Вале Туркия зид аст ва мегӯяд, онро ба монанди имрӯз, бояд мухолифон идора кунанд.