Қирғизистон ба санҷиши шаҳрвандонаш дар фурудгоҳи Алмато эътироз кард

Сафири Қазоқистон дар шаҳри Бишкек Карим Кокрекбоев 14 сентябр ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон даъват шуд. Дар ин бора ВКХ Қирғизистон иттилоъ додааст.

Ба даъвати сафир санҷиши сахти сартосарии шаҳрвандони Қирғизистон дар фурудгоҳи шаҳри Алмато сабаб шудааст. "Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба амали ниҳодҳои дахлдори Қазоқистон нигаронӣ баён шуда, ҷониби Бишкек хост, ба зиёдаравиҳо ва таҳқир шудани шаҳрвандони Қирғизистон аз сӯи мансабдорони ниҳодҳои дахлдори Қазоқистон таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Ҳамчунин ба сафир ёддошти эътирозӣ ё нота тақдим карда шуд", - омадааст дар иттилоияи ВКХ Қирғизистон.

ВКХ Қирғизистон мегӯяд, вазъро пайгирӣ ва ҳамкориҳо бо мақомоти Қазоқистон дар ин самт идома доранд.

ВКХ Қирғизистон моҳи май низ ба Қазоқистон нота фиристода буд. ВКХ Қазоқистон дар посух гуфт, дар гузаргоҳҳои марзии ин кишвар дар доираи қонуни марзҳои давлатӣ “тадобири амниятӣ пурзӯр шудааст. Остона мегӯяд, шаҳрвандонро ба хотири муайян кардани ҷинояткорон ва аъзои эҳтимолии гуруҳҳои террористӣ бозпурсӣ мекунад.

Қирғизистониҳо гуфтанд, ки маъмурони хадамоти махсуси Қазоқистон бо баҳонаҳои гуногун нисбати онҳо санҷишҳои иловагӣ анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, ба утоқи алоҳида бурда, баъд аз бозпурсӣ, шумораи телефон, маҳалли зист ва IMEI-коди телефонҳояшонро навишта мегиранд.