Манафорт гуноҳашро аз рӯи ду банди иттиҳом эътироф кард

Пол Манафорт

Раҳбари пешини ситоди интихоботии Доналд Трамп - Пол Манафорт аз рӯи ду банди иттиҳоми пешгузоштаи Роберт Мюллер - прокурори вежаи таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихоботи президентии соли 2016, гуноҳашро эътироф кард.

Бар асоси санадаҳои додгоҳ аз таърихи 14 сентябр, Манафорт розӣ шуд, ки аз рӯи иттиҳоми тавтеа алайҳи ИМА ва ҷилавгирӣ аз адолати додгоҳӣ ҷиноят содир кардааст.

Рӯзи гузашта матбуот аз созиши Пол Манафорт бо тими Роберт Мюлер хабар дод.

Раҳбари пешини ситоди интихоботии Трамп ба пулшӯӣ, фиреби ИМА, нақзи қонунҳои ин кишвар дар бораи ҷосусони хориҷӣ ва харидани шоҳидон айбдор мешавад.

Манафорт яке аз гумонбарони аслӣ дар доираи тафтиши дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии ИМА аст. Тафтишотро додситон Мюллер пеш мебарад. Манафорт ва шарики тиҷорияш Рик Гейтс яке аз аввалинҳое ҳастанд, ки алайҳи онҳо санҷиш оғоз шуд.

Моҳи августи соли гузашта Манафорт дар мурофиаи додгоҳӣ дар Александрияи аёлати Вирҷиния дар чанд қонуншиканӣ, аз ҷумла қаллобии бонкӣ ва андоз айбдор шуд.

Маскав дахолаташро дар интихоботи кишварҳои хориҷӣ рад мекунад.