Дар шаҳри Бишкек маъмурони пулис корманди сафорати Туркия дар Қирғизистон Караж Эрканро барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боз доштанд. Дар ин бора рӯзи 13 сентябр ба бахши Қирғизии Радиои Озодӣ сухангӯи Раёсати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Қирғизистон Тилек Оторов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дипломати турк 12 сентябр баъд аз баромадан ба самти муқобили роҳ аз ҷониби маъмурони раёсат боз дошта шуд. Маълум шуд, ки Эркан дар ҳолати мастӣ мошин меронад.
Зидди ӯ бо банди "Идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ" санади маъмурӣ тартиб дода, ба додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек фиристоданд.
Караж Эркан дар барномаи телевизионии "Телекузот" худро атташеи сафорати Туркия дар Қирғизистон муаррифӣ кард ва ҳуҷҷат низ нишон дод.
Талошҳо барои дарёфти назари сафорати Туркия дар ин бобат то замони нашри хабар бенатиҷа буданд.