Имоме, ки ба 13 соли зиндон маҳкум шуда буд, аз зиндони Узбекистон озод шуд

Додгоҳи шаҳри Тошканд рӯзи 12 сентябр имоми яке аз масҷидҳои Хоразм Ҳикматулло Юсуповро, ки бо фурӯши қочоқи маводи мухаддир 13 сол зиндонӣ шуда буд, аз толори додгоҳ озод кард.

"Ӯро аз толори додгоҳ озод карданд. Ҳоло дар Тошканд аст. Фардо ё пасфардо ба Хоразм меояд", - гуфт яке аз наздикони имом ба Радиои Озодлик.

Ҳикматулло Юсупов 25 январи соли 2016 дар фурӯши маводи мухаддир айбдор ва 13 сол зиндонӣ шуда буд. Додгоҳи баррасии шикоятҳои Тошканд 14 феврали соли 2017 ин ҳукмро бетағйир гузошт.

Вале баъд аз муроҷиати ҳамсари имом - Меҳрубон Раҳматуллоева ба Додситонии кул ва Додгоҳи олии Ӯзбекистон парвандаи Юсупов дубора баррасӣ ва маълум шуд, ки тамоми далелҳои зидди ӯ сохта будаанд.