"Русия кишвари сулҳдӯст аст ва ягон барномаи таҳоҷум бар зидди кишварҳои дигарро пайгирӣ намекунад", - гуфт президент Путин дар ҷараёни тамрини "Восток-2018". Ин бузуртарин машқи низомӣ дар таърихи Русия арзёбӣ мешавад.
Президенти Русия ҳамзамон таъкид кард, ки мақомоти кишвар нерӯҳоро бо силоҳу таҷҳизоти насли нав таъмин мекунанд ва сарбозон бояд ба ҳимояи истиқлол, амният ва манфиатҳои миллӣ омода бошанд ва дар сурати зарурат аз шарикони Русия пуштибонӣ кунанд.
Рӯзи 13-уми сентябр Владимир Путин ҷараёни тамрини "Восток- 2018"-ро, ки дар он дар баробари нерӯҳои Русия сарбозони Чину Муғулистон низ ҷалб шудаанд, дар пойгоҳи низомии Тсуголи минтақаи Байкал тамошо кард.
Дар тамрин, ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, 300 ҳазор сарбоз, 80 киштӣ, 36 ҳазоор зиреҳпӯш ва беш аз 1 ҳазор ҳавопаймо иштирок мекунанд.
Дар НАТО тамрини "Восток-2018"-ро коркарди иштирок дар низои густарда маънидод мекунанд.
Ҳамзамон, Паймони Атлантики Шимолӣ бо ҳадафи омодагӣ ба марҳилаи аввали тамрини "Trident Juncture 2018" ба интиқоли нерӯи низомӣ ва техника ба Норвегия оғоз кард. Ҳадафи тамрин санҷиши омодагии ин паймони низомӣ ба таҳдидҳои нав, аз ҷумла ҷангҳои гибридӣ ё ҷанг бо дасти дигарон, номбар мешавад.