Баъди интиқоди президент 4 дандонпизишкиро бастанд. ВИДЕО

Як интиқоди президент Эмомалӣ Раҳмон аз риоя нашудани меъёрҳои санитариву бехатарии тиббӣ дар баъзе аз нуқтаҳои дандонпизишкӣ, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо, кори ин маконҳоро зери заррабин қарор дод.

  • Тайи ҳафтаи охир дар пайи санҷиши мақомот чаҳор дандонпизишкӣ ва нӯҳ кошонаи ҳусн бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба меъёрҳои тозагиву санитарӣ баста шудаанд. Баъзе нозирон мегӯянд, ки набояд дар амри иҷрои дастури президент, ба зиёдаравӣ роҳ диҳанд.
Аксар кошонаҳои ҳусн бар зидди аллергия ё ҳассосияти баланд маводи зарурӣ надоранд. Агар ҳассосияти занҳо баланд аст, метавонад ба ҳолати "шок" оварда расонад.

"Метарсам, дигарон ҳепатит нашаванд"

Рухшона Аминова, сокини шаҳри Душанбе, ҳафт сол боз аз бемории ҳепатит ранҷ мебарад. Ӯ бовар дорад, ки соли 2011, ҳангоми табобати дандонаш дар яке аз дандонпизишкиҳои ноҳияи Фархор ба ин беморӣ печидааст. Рухшона он вақт дар ноҳияи Фархор мезист ва баъдан ба пойтахт кӯчид.

"Ҳоло эҳтиёткор шудаам. Ҳар боре, ки ба назди духтури дандон равам, мегӯям, дастпӯш андозад. Чун гирифтори бемории ҳепатит ҳастам. Табибонро огоҳ мекунам, ки мабодо ба дигар касалиҳо гирифтор нашавам", - гуфт Рухшона Аминова.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ба дари чанд дандонпизишкӣ дар Душанбе муҳр заданд

Аминова аз дандонпизишкҳо ба ҷойе шикоят набурдааст ва бемориашро ҳам "хости Худо" медонад. Мақомот ҳам мегӯянд, ҳадафи онҳо аз "рейд"-е, ки тоза шуруъ шудааст, пешгирӣ аз сироятёбии мардум ба бемориҳо дар нуқтаҳои дандонпизишкӣ ва кошонаҳои ҳусн аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Пешниҳоди ҷазо ба духтури дандон ва сартарошҳои "беинсоф" дар Тоҷикистон

"Занҳо бояд донанд, ки..."

Дилрабо Шерматова, як масъули Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, рӯзи 12-уми сентябр гуфт, дар рӯзҳои аввали "рейд" ба дари 9 кошонаи ҳусну сартарошхона ва 4 дандонпизишкӣ муҳр заданд. Чун, ба бовари мақомот, соҳибони ин нуқтаҳо талаботи санитариро риоя накарданд ва хатари сироятёбӣ дар ин маконҳо зиёд аст.

Шерматова мегӯяд, дар кошонаҳои ҳусне, ки фаъолияташон муваққатан қатъ шуд, занҳо метавонистанд ҳангоми ороиш ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шаванд.

"Аксар кошонаҳои ҳусн бар зидди аллергия ё ҳассосияти баланд маводи зарурӣ надоранд. Агар ҳассосияти занҳо баланд аст, метавонад ба ҳолати "шок" оварда расонад. Пештар кошонаи ҳусн кам буд, имрӯз теъдодашон хеле зиёд шудааст, ки аз як ҷиҳат хуб аст. Занҳо бояд бидонанд, ки барои ороиши худ чӣ истифода мебаранд", - гуфт Шерматова.

Мақомоти Вазорати тандурустӣ мегӯянд, дар ҳолати риоя накардан ба талаботи бехатарӣ дар нуқтаҳои дандонпизишкӣ, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо мизоҷ метавонад ба бемориҳои сироятие мисли ҳепатит ва СПИД гирифтор шавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аввал санади гепатит, баъд – табобат. “Гуфтанд, ки дастур аз болост” ВИДЕО

“Касби “равғанӣ” зери зарба меравад?”

Ба иттилои Хадамоти назорати давлатии санитари эпидемиологӣ феълан дар Тоҷикистон 579 ҳуҷраи дандонпизишкӣ, 835 сартарошхона ва 377 кошонаи ҳуснро расман фаъолият доранд. Ин муассисаҳо аз маконҳои сермуштарӣ ба ҳисоб мераванд ва дар давоми рӯз аз хадамоти ҳар яке аз онҳо даҳҳо нафар истифода мекунад.

Моҳи январи имсол Вазорати беҳдошти Тоҷикистон гуфт, дар давоми соли гузашта дар кишвар 22 утоқи дандонпизишкӣ ба хотири риоя нашудани меъёрҳои санитарӣ баста шуд ва баъди ин дар ин муассисаҳо ҳам талаби пешкаш шудани санади вазъи сиҳатӣ ё гирифтории муштарӣ ба ҳепапит пеш гузошта шуд.

Дар ҳоле ки мақомот баъди интиқоди президент ба санҷишҳои беҳдоштӣ шурӯъ кардаанд, бархе соҳибони клиникаҳои хусусии стоматологӣ ва ҳам кошонаҳои ҳусн бархӯрди якҷонибаро ба кори худ қабул надоранд.

Рӯзи 11-уми сентябр, замоне ки мақомоти Вазорати тандурустӣ фаъолияти яке аз нуқтаҳои дандонпизишкиро тафтиш мекарданд, соҳибони он ба эродҳои масъулин норозигӣ карданд. Дар ин рейди мақомот, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ шоҳидаш буданд, табиби ҷавони яке аз марказҳои дандонпизишкӣ эродҳои гуруҳи санҷиширо нодуруст хонд. Ин табиби ҷавон гуфт, хатмкардаи донишгоҳи шаҳри Маскав аст ва қоидаҳои бехатариро ҳангоми табобати дандон хуб медонад.

Ин дар ҳолест, ки масъулин ба такрор мегуфтанд, ӯ чандин қоида, аз ҷумла гузоштани асбобҳоро дар ҷойи бехатар риоя накардааст.

Рӯзи 2-юми сентябр дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Маҳмадулло Қосимзода, мудири Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй гуфт, талаби президентро қабул дорад ва пайваста аз дандонпизишкон талаб мекунад, ки истифодаи якдафъаинаи асбобҳо, риояи тозагӣ ва дигар меъёрҳои беҳдориро фаромӯш накунанд.

Айни замон, ӯ гуфт, мавзӯи дар дандонпизишкиҳо ба бемории ҳепатит гирифтор шудани муштариҳо ҳамеша як масъалаи баҳсбарангез аст. Ба қавли ӯ, бисёр муштариҳо одат доранд, ки ангушти иттиҳомро ба сӯи табибони дандон баланд кунанд, дар ҳоле ки шахс метавонад дар ҳолатҳои зиёди дигар, аз ҷумла ҳангоми хунгузаронӣ ба ин ҳолат гирифтор шавад.

Масъулони кошонаҳои ҳусн ҳам мегӯянд, ки талош мекунанд тозагиву бехатариро риоя кунанд, вале дар сурати интиқод ё муҷозоте ба мисли бастани муваққатии ин муассиса, зиёд норозӣ нашуда, аз паи ислоҳи вазъ мешаванд. Кошонаҳои ҳусн аз муассисаҳои тиҷоратӣ ба ҳисоб мераванд, ки муштариҳои зиёд доранд ва аз даст додани онҳо боиси касод шудани тиҷорат мешавад.

Аҳмад Саидов, ки рӯзи 11-уми сентябр мақомот ба дари сартарошхонааш муҳр заданд, гуфт, бо эроди мақомот розӣ аст ва камбудҳояшро эътироф мекунад. Ӯ гуфт, ба дари сартарошхонааш ба он хотир муҳр заданд, ки мошини ҷомашӯӣ ва дастгоҳи махсус надошт.

"Кор бе камбудӣ намешавад. Аммо ин маротиба ҳар чизе, ки нафаҳмонем маҳкам мекунанд", - хулоса кард соҳибони яке аз сартарошхонаҳо дар Душанбе.