Аз рӯйи қоғазу санад Бағдодалии 18-сола, ин сокини ноҳияи Восеъ аслан вуҷуд надорад. Аммо азбаски ӯ ҷисман мавҷуд аст ва дар ҳамин сарзамин ба дунё омадааст, мехоҳад, ҳукумат ӯро расман эътироф кунад.
Муҳоҷире, ки фарзандаш шаҳрвандӣ надорад
Падари Бағдодалӣ -- Дӯстмурод Ёрматов, пас аз 11 соли муҳоҷирати мавсимӣ хост, ба писараш шиноснома бигирад, аммо дар дафтари Идораи ҷамоат ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ исми писарашро пайдо накарданд. Дӯстмурод мегӯяд, ҳангоми таваллуди ин фарзандаш дар соли 1995, аз Идораи ҷамоат барои ӯ шаҳодатнома гирифта буд, вале ҳоло дар ҳама ҷо ин шаҳодатномаро қалбакӣ медонанд, зеро сабти ибтидоӣ ва нусхаи зоднома дар ҳеҷ бойгонӣ вуҷуд надорад.
Идораи ҷамоат ва Идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия бинобар мавҷуд набудани исми писараш дар рӯйхат ба ин мард машварат додаанд, ки то аз ҳамсояҳо забонхат биёрад, ки воқеан, ин бача фарзанди ӯст. Инчунин назди пизишкон рафта, аз рӯи дандон синну соли ӯро дақиқ созад.
Ӯ гуфт: «Гӯё, ки фарзанди ман тамоман вуҷуд надоштааст. Дар ҳоле, ки шаҳодатнома дорам, аммо онро қалбакӣ медонанд. Ба қалбакӣ будани он ман гунаҳкор нестам-ку? Ҳоло бояд ӯро тамоман аз сари нав ҳамчун як сокини хориҷӣ шаҳрванди Тоҷикистон кунам, ки барои ин моҳҳои дароз сарф мешавад. Барои ин ҳисоб кардам, ки беш аз 1,5 ҳазор сомонӣ сарф мешавад, ки ҳоло ин қадар пул надорам. Аҷиб ин аст, ки 10 сол дар мактаб номаш рафтааст, аммо дар ягон бойгонӣ номаш нест. Ҳайронам, ки чаро ин хел шудааст ва бояд онҳое, ки ин хаторо содир кардаанд, ҷавоб диҳанд.»
Мактабхон ҳаст, аммо шаҳрванд не
Дар ҳамин ҳол, Шералӣ Сайдалиев, муовини директории мактаби рақами 22-и Восеъ мегӯяд, воқеан, номи ин хонанда аз соли аввали таҳсил дар дафтарҳои мактаб сабт аст ва онҳо ин номро дар асоси зодномае сабт кардаанд, ки Идораи ҷамоат додааст: «Ин бача дар ҳақиқат шогирди мо ҳаст ва мо дар асоси ҳуҷҷат ӯро ҳамчун хонанда ба қайд гирифтаем. Аммо чаро номи ӯ дар дигар бойгониҳо нест, ин дигар ба кори мо дахл надорад.»
Масъулини Идораи ҷамоати ба номи Худоёр Раҷабов ва Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрванди ноҳияи Восеъ мегӯянд, воқеан, исми ин бача дар бойгониҳо нест. Амирхон Ситамов, котиби ин ҷамоат гуфт, замоне, ки фарзанди Дӯстмурод шаҳодатномаи таваллуд гирифтааст, ӯ дар ҷамоат кор намекард. Аммо Ситамов меафзояд, барои ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон сабт шудан ҳатман бояд ҳуҷҷатҳои дахлдор пешниҳод шаванд:
«Ин масъаларо кофтан даркор, ки мушкил дар куҷост. Лекин агар ҳар гунае, ки бошад, бояд ин мард, аз духтури маҳалла хати таваллуд писарашро бигирад, аз дафтари хоҷагӣ ҳам як ҳуҷҷат бигирад, ки дар ҳақиқат писараш ин ҷо зиндагӣ мекунад. Ин ҳуҷатҳоро гирифта, бойгонии ҷумҳуриявӣ меравад ва аз он ҷо коғазе барояш медиҳанд, ки дар ҳақиқат дар қайд нест. Пас аз духтур боз барои синну солаш ҳуҷҷат меорад ва мо дар асоси инҳо ба ӯ шаҳодатнома медиҳем, ки рафта шиноснома мегирад.»
Амрико ғолиб шуд, номамро мегардонам
Дар миёни ин баҳсҳо худи Бағдодалӣ бо ҳазл мегӯяд, ҳоло ба писари воқеии падараш будан шубҳа дорад: «Падарамро гуфтам, ки чӣ хел ман писари ту ҳастам, ки дар ягон ин чиз навишта нашудааст. Лекин агар чунин ҳуҷҷатбозӣ шавад, мехоҳам, номамро иваз кунам. Падарам гуфта буд, ки соли 1995 Амрико дар Бағдод шикаст хӯрда буд, барои ҳамин туро Бағдодалӣ ном кардем. Ҳоло мебинам, ки Амрико дар Бағдод ғолиб шудааст, аз ин рӯ номамро Мирзохон мегузорам.»
Аммо Дӯстумрод Ёрматов мегӯяд, барои таҳияи ин ҳуҷҷатҳо маблағу вақти зиёд лозим аст, ки ӯ ин ҳардуро надорад. Ин муҳоҷир мегӯяд, зудтар бояд ба фарзандаш шиноснома гирад ва ба Русия равад, то дар донишгоҳе таҳсил кунад ва ё пас аз хатми мактаб ҳамроҳи ӯ барои кор ба Русия ҳиҷрат кунад.