Дар деҳаи Фирдавсии вилояти Туркистони Қазоқистон волидони ҳашт хонандаеро ҷарима бастанд, ки дар назди бинои мактаб ба ҷонибдорӣ аз духтарони ҳиҷобпӯш эътироз карданд. Дар ин бора Департаменти умури дохилии маҳаллӣ хабар додааст.
Бо волидони мазкур дар робита ба фармони вазири маорифи Қазоқистон дар бораи ҳатмӣ будани либоси ягонаи мактабӣ суҳбат шудааст. Ба гуфтаи пулис, баъд аз суҳбат алайҳи онҳо санади маъмурӣ тартиб доданд.
Мудири мактаби деҳаи Фирдавсӣ Жанар Мамирова мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, чаҳор хонандае, ки рӯймол мебанданд, ба дарс намеоянд. Зидди волидони ду тани онҳо санад тартиб дода шуд.
Дар деҳаи Фирдавсӣ 6-уми сентябр волидони 13 хонандае, ки рӯймоли худро нагирифтанд, ҳудуди 30 долларӣ ҷарима шуданд.
Маъмурияти мактаб бо истинод ба фармони вазири маорифи Қазоқистон аз моҳи январи соли 2016 хонандагонро бо рӯймол ба дарс роҳ намедиҳад. Фармон либоси мактабиро ҳатмӣ дониста, вуруди хонандагонро бо либосҳои мазҳабӣ ба дарс манъ мекунад. Соли гузашта низ дар чанд минтақаи Қазоқистон бар пояи ин фармон, хонандагони рӯймолдорро ба дарсҳо роҳ надоданд.