Дар Шарқи Дури Русия бузургтарин тамрини низомӣ - "Восток-2018" оғоз шуд, ки дар таърихи ин кишвар намуна надорад. Дар ин бора рӯзи 11-уми сентябр сомонаи расмии Вазорати дифои Русия хабар дод.
Дар машқҳои ҳарбӣ, ки то 17-уми сентябр идома мекунад, наздик ба 300 низомӣ, 80 киштӣ, 36 ҳазор зиреҳпӯш ва ҳамчунин то як ҳазор ҳавопаймо иштирок мекунад. Ба ҷуз аз нерӯҳои Русия ба ин тамрин наздик ба сеюним ҳазор низомии Чин низ ҷалб шудааст.
Бори охир тамрине бо ин бузургӣ соли 1981, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор шуда буд, ки дар он нерӯҳои кишварҳои узви Созишномаи Варшава иштирок карданд. Он замон давлатҳои ғарбӣ ин машқҳоро ҳамчун намоиши неру ва омодагӣ ба ҳамлаи густарда унвон карданд.
Ҳадафи аслии тамрини "Восток-2018" ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, санҷиши омодагии ниҳодҳои идораии низомӣ ҳангоми барномарезии табдили сохтори сарбозон дар фосилаи бузург аст.
Дар НАТО тамрини "Восток-2018" -ро коркарди иштирок дар низои густарда маънидод мекунанд.
Дар ҳамин ҳол дар Владивосток аз 11 то 13-уми сентябр Анҷумани иқтисоди шарқӣ баргузор мешавад, ки дар он президенти Русия Владимир Путин иштирок мекунад. Кремл қаблан гуфта буд, ки ҳузури раҳбарони хориҷӣ дар "Восток-2018" ҳамроҳ бо Путин дар назар нест.