Мақомоти Шветсия: духтари Каримов пораҳои чандинмиллионӣ гирифтааст

Додситонҳои Шветсия дар додгоҳ гуфтанд, васиятномаи шарикони тиҷории духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов -- Гулнора Каримова нишон медиҳанд, ки ӯ ширкатҳои офшорӣ дорад. Дар ин бора рӯзи 10 сентябр бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

Додгоҳи Шветсия парвандаи ду мудири пешини ширкати Telia-ро бо гумони додани 350 миллион доллар пора ба Гулнора Каримова баррасӣ дорад.

Бар пояи маводи парванда, духтари президенти пешини Узбекистон бозори алоқаи ин кишварро пурра назорат мекардааст. Додситонӣ дар додгоҳ васиятномаи шавҳари Каримова ва ду шахси дигарро пешниҳод кард, ки дар онҳо ҳисобҳои бонкӣ, номи ширкатҳои офшорӣ ва амволи ғайриманқул оварда шудааст.

Ҳамчунин васиятномаи худи Каримова пешниҳод шуд, ки бар пояи он, тамоми дороиҳои ӯ ба писару духтараш - Ислом ва Имон бояд тақсим карда шаванд. Ин санад соли 2004 имзо шуда, дар ҳисоби махсусе нигаҳдорӣ мешуданд, ки додситонии Швейтсария ба ҳабс гирифта буд.

Баррасии парванда то 14 декабри имсол идома ёфта, қарор аст, ҳукми додгоҳ нисбати мудирони пешини ширкати Telia моҳҳои январ ва феврали соли 2019 эълом шавад.

Муфаттишон мегӯянд, ширкатҳои хориҷӣ барои ворид шудан ба бозори алоқаи Узбекистон миллионҳо доллар пора додаанд. Ин маблағҳо ба ҳисоби ширкати офшорие дар Гибралтар гузаронида шудаанд, ки ба Каримова тааллуқ дорад.

Дар Узбекистон ҳам нисбати Каримова парванда боз шуда, ӯро дар ҷиноятҳои молӣ айбдор карданд. Додгоҳи шаҳри Тошканд Каримоваро бо айби саркашӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва маҳв кардани ҳуҷҷати ширкатҳои офшорӣ 5 сол зиндонӣ кард.