Маъмурияти Кохи сафед рӯзи душанбе додгоҳи байналмилалии Гаагаро барои омодагиаш дар бозҷӯии эҳтимоли ҷиноятҳои ҷангии Амрико дар Ағонистон бо таҳрим таҳдид кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 19 сентябр бо такя ба таҳри суханронии мушовири амнияти Кохи сафед Ҷон Болтон гузориш дод.
Болтон дар суханрониаш хоҳад гуфт, ки ИМА тамоми робитаҳояшро бо Додгоҳи байналмилалии Гаага меканад ва ҳамчунин барои ҳимояи амрикоиҳо ва шарикони Амрико аз "таъқиби ноодилонаи ин додгоҳи ғайриқонунӣ" аз тамоми чораҳо кор мегирад.
Вашингтон метавонад сафари додрасҳо ва додситонҳои Гаагаро ба қаламрави ИМА мамнуъ ва дороиҳояшонро дар бонкҳои кишвар масдуд кунад ва онҳоро таҳти пайгарди додгоҳӣ қарор диҳад. Кохи сафед қасд дорад, ки таъқиби шаҳрвандони Амрикоро бо истифода аз Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хунсо кунад.
Ийолоти Муттаҳидаи Амрико асосномаи Румро, ки соли 2002 Додгоҳи байналмилалии ҷиноятро созмон дод, имзо накардааст. Он замон президенти пешини ИМА Ҷорҷ Буш ба имзои ин санад мухолифат карда буд. Президенти пешини дигар, Барак Обама, барои ҳамкорӣ бо ин созмон чанд қадамеро пиёда намуд.
Гуфта мешавад, ки дар сухаронии рӯзи душанбе Болтон ҳамчунин аз баста шудани намояндагии Фаластиниҳо дар Ню Йорк хабар хоҳад дод. Бинобар қарори қабулшуда ин дафтар то оғози музокироти мустақими Фаластиниҳо ва Исроил, ки Болтон ахириро дар суханрониаш "дӯст ва шарик" унвон хоҳад кард, баста мемонад.