Дар интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе дар Шведсия ҳизби ростгарои "Демократҳои Шведсия" 17 дар сади райъҳоро соҳиб шуд. Ин беҳтарин натиҷа дар таърихи ҳизб номбар мешавад. Иттиҳоди нерӯҳои росту марказгаро 39,6 ва блоки ҳизби ҳоким 39,4 овози баробар гирифтанд.
Муваффақияти "Демократҳои Шведсия" таъсиси ҳукумати эътилофиро душвор мекунад, зеро на эътилофи чапу марказгаро ва на росту марказгароҳо дар порлумон аксарият нестанд ва касе намехоҳад бо популистҳои ростгаро эътилоф бунёд кунад.
Ҳизди "Демократҳои Шведсия" бо маввқеи зиддиаврпуоӣ машҳур аст ва аз сиёсати шадид дар робита ба муҳоҷират пуштибонӣ мекунад. Соли 2015, дар вақти бӯҳрон муҳоҷират, Шведсия ба 150 ҳазор паноҳанда иҷозат дод, ки ба кишвар ворид шаванд. Аз рӯи таносуби аҳолӣ ин бештарин дар Аврпуо ба шумор меояд.