Шурӯи ҷаласаи САҲА дар Варшава бо ширкати намояндагони Тоҷикистон

Рӯзи душанбе, 10 сентябр дар пойтахти Полша шаҳри Варшава ҷаласаи солонаи ҳуқуқи башари САҲА шурӯъ ба кор мекунад. Бо ҳадафи ширкат дар ин баҳсу баррасиҳо аз Тоҷикистон шоми 9 сентябр чанд узви ҳукумат ва ду намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ сафар кардаанд. Баробар бо онҳо дар ин ҷаласа даҳҳо фаъоли мухолифини Тоҷикистон ҳам иштирок хоҳанд кард.

Ҳайати ҳукуматӣ дар ин ҷаласа ба раҳбарии муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Шамсиддинзода ширкат мекунад. Ба ин ҳайат инчунин сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷӣ Вафо Ниятбекзода, муовини раиси Маркази исломшиносӣ Рустам Азизӣ ва муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров шомил ҳастанд. Қаблан Сафаров дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамроҳ бо онҳо дар ин ҳайат устоди Донишкадаи исломӣ Абураҳим Каримов, собиқ намояндаи ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ Мавлавӣ Айёмиддин Сатторов ва намояндагони баъзе ниҳодҳои дигар шомил шудаанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ – Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шоми 9 сентябр аз шаҳри Варшава гуфт, ки ба намояндагӣ аз созмонҳои маданӣ дар ин ҷаласа ӯ ва раҳбари созмони “Хома” Шаҳло Акобирова иштирок мекунанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар охирин лаҳза аз сафар ба Варшава худдорӣ кардаанд.

Дар Варшава инчунин фаъолони созмонҳои дар Тоҷикистон мухолифин, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаҳо ҳузур дорад.

Рӯзи аввал баъди маросими ифтитоҳи ҷаласа, ки ба баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон бахшида мешавад, ҷаласаҳои ҷудогона шурӯъ ба кор мекунанд. Имсол дар барномаи САҲА нишасти ҷудогонае бахшида ба вазъ дар Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст, вале бархе мегӯянд, ки дар ҷаласаҳои ҷудогона ва ҳам дар нишасти озодии баён дар рӯзи сешанбе эҳтимолан ширкатдорони тоҷикистонӣ ба вазъи ин кишвар муроҷиат кунанд.

Нишасти САҲА дар ду соли охир ба минбари пурбаҳси масоили ҳуқуқи башар, аз ҷумла дар Тоҷикистон табдил шудааст. Баъди баставу мамнӯъ эълон шудани ҲНИТ дар соли 2015 фаъолони ин созмон соли 2016 бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар Варшава вориди баҳсҳои лафзӣ шуданд ва Тоҷикистон ба нишони эътироз аз он ки, ба гуфтааш, “САҲА дар як толор ба ҳукумат ва террористон минбар медиҳад”, мақоми ин созмонро дар кишвар поин бурд.

Соли ҷорӣ то рӯзи шанбе, 8 сентябр ширкати ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон дар ҷаласаи САҲА маълум набуд.