САҲА: Мақомоти тоҷик дар нишасти Варшава ширкат мекунанд

Туула Юрёла

Туула Юрёля, раҳбари дафтари САҲА дар Душанбе дар изҳороташ рӯзи 7 сентябр дар робита бо намоиши эътирозии гурӯҳе аз сокинони Тоҷикистон гуфт, ки мавқеи онҳоро эҳтиром мекунад.

Дар як изҳороти сафири САҲА, ки нисфирӯзии ҷумъа ва чанд соат баъди пароканда шудани гирдиҳамоӣ дар назди қароргоҳи ин ниҳод дар Душанбе нашр шуд, гуфта мешавад, ки "САҲА ҳақи шаҳрвандон ба гирдиҳамоӣ ва озодии баёнро дастгирӣ мекунад". Дар идома ӯ гуфтааст, ки ҳамкории САҲА бо ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон "бисёр қавӣ аст" ва ӯ аз он хушҳол аст, ки мақомоти ин кишвар барои ширкат дар ҷаласаи Варшава изҳори омодагӣ нишон додаанд.

Дар изҳороти ӯ, аз ҷумла, омадааст, ки ҷаласа оид ба баррасии риояи ӯҳдадориҳо дар доираи андозагирии инсонӣ "бузургтарин рӯйдоди солона дар бахши ҳуқуқи башар дар Аврупо аст" ва имсол дар он тақрибан 1,800 нафар ба намояндагӣ аз ҳукуматҳо ва ҷомеаи шаҳрвандии 57 кишвари узви САҲА ширкат мекунанд. "Рӯйдоди мазкур имконияти беназирро барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати дастрасии комил ба иттилоъ ва баррасиҳо дар заминаи ҳуқуқи башар фароҳам меорад. Ман бисёр хушҳолам, ки имсол ҳукумати Тоҷикистон қарор дод то дар ҷаласа оид ба баррасии риояи ӯҳдадориҳо дар доираи андозагирии инсонӣ иштирок намояд".

Туула Юрёла ба муносибати итмоми мӯҳлати сафириаш рӯзи 6-уми сентябр бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Мӯҳриддин мулоқот кард

Сафири САҲА гуфтааст, ки ин ҷаласа он ҳукумат ва созмонҳои ҷамъиятиро барои ширкат иҷоза медиҳад, ки даст ба фаъолияти террористӣ намезананд. "Барои мушаххас кардани ин ки то куҷо шахс ё созмоне бо фаъолиятҳои террористӣ машғул аст, феҳристи байналмилалии террористон вуҷуд дорад". Ӯ таъкид кардааст, ки ҷаласаи Варшаваро Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ODIHR) баргузор мекунад ва дарҳои ин ҷаласа барои ширкатдороне, ки "ба параметрҳои дар боло тавзеҳшуда мувофиқ ҳастанд", боз аст.

Ин вокуниши сафири САҲА дар ҳолест, ки субҳи ҷумъа даҳҳо нафари рӯ ба ҳукумати Тоҷикистон ба нишони эътироз аз ширкати мухолифони тоҷик дар ҷаласаи САҲА дар Варшава таҷаммӯъ кардаанд ва дар миёни онҳо инчунин модари шахси гумонбар дар ташкили ҳамлаи террористӣ ба туристони хориҷӣ низ буд.