Мухолифини тоҷик мегӯянд, дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон, Эъломияи "Паймони миллӣ"-ро имзо кардаанд. Ин санад, ки 9-уми сентябр, дар рӯзи таҷлил аз 27-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, тасвиб шуд, роҳро барои ташкили Эътилоф ё Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин боз кард.
Санадро намояндагони чаҳор созмони мухолифин дар хориҷа - Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ - имзо гузоштанд.
Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро соли 2015 мамнуъ ва террористӣ эълон кард. Ва аз он замон то кунун раҳбарияти ҳизб дар хориҷа қарор дорад.
Раҳбарони се созмони дигар низ аз Тоҷикистон берун шуда, дар хориҷа ҳастанд ва дар бештари маврид аз мавқеи ҳизби наҳзати исломӣ ҷонибдорӣ мекунанд.
Бо ин ҳол, ташаббускорон гуфтанд, ки эътилоф марбут ба чаҳор созмони имзокунанда нест. Онҳо гуфтанд, дар ҳоли ҳозир онҳо барои ташкили эътилоф иқдоми амалӣ карданд ва дигарон метавонанд ба он бипайванданд.
Ҳадаф аз ташкили эътилоф сарҷамъии нирӯҳои мухолифин, рияои ҳуқуқи башар, рушди демократия ва интихоботҳои озоду шаффоф гуфта шудааст.
Масъалаи ташкили эътилоф ё иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик беш аз як сол боз идома дошт. Қаблан дар нишасти Дортмунди Олмон низ ин масъала баррасӣ шуда буд.
Дар ҷараёни масъалаи ташкили эътилоф намоядагони “Гурӯҳи 24” ва Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон ҳам иштирок доштанд. Вале баъдан ин ду созмон гуфтанд, ки шомили эътилоф нахоҳанд шуд.