Роҳпаймоии ҳазорон нафар барои мубориза бо тағйироти иқлимӣ

Ҳазорон нафар бо роҳпаймоӣ дар Порис хостори бардошта шудани қадамҳои фаврӣ барои мубориза бо тағйироти иқлимӣ шуданд.

Яке аз роҳпаймоён рӯзи 8-уми сентябр гуфт, “умед дорам, ин гирдиҳамоӣ сатҳи огоҳиро боло бибарад ва давлат ҳам бидонад, ки чи чизе дар хатар аст ва воқеан иқдом кунад.”

Фаъолон хостори баргузории роҳпаймоии густарда ба хотири ҳимоят аз мубориза бо тағйироти иқлимӣ дар сартосари ҷаҳон шуданд.

Қарор аст, нишасти иқлимӣ ҳафтаи оянда дар Сан-Франсискои Амрико баргузор шавад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, моҳи июни соли 2017 аз тавофуқномаи иқлимии соли 2015-и Порис берун шуд.