Таҷлил аз 27-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон. ВИДЕО

Аз эълони истиқлоли Тоҷикистон 27 сол гузашт.

Эъломияи истиқлоли давлатӣ рӯзи 9-уми сентяби 1991 дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон қабул шуда буд. Зери ин санад раиси вақти Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур Қадриддин Аслонов имзо гузошт.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои таҷлил аз 27-умин солгарди истиқлол барномаҳои мухталиф дар гӯшаву канори кишвар дар назар гирифта шудааст. Аммо барномаи аслии ҷашн шоми 9-уми сентябр дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт баргузор мешавад.

Як рӯз пеш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми телевизионӣ мардумро бо ҷашни истиқлол табрик гуфт ва онро дастоварди муҳим арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, “солҳои аввали истиқлолият кишвари азизи мо бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор шуд. Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.”

Тоҷикистон пас аз 8 моҳи эълони истиқлол ба гирдоби ҷанги дохилӣ фурӯ рафт, ки панҷ сол идома кард. Дар ин ҷанг, ки то соли 1997, замони имзои Созишномаи сулҳ, давом кард, 150 ҳазор сокини Тоҷикистон кушта ва наздики як миллион нафар бехонаву дар шуд.

Тарафдорони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ, кишвар ба пойи худ рост шуда, ҳукумат барои расидан ба се ҳадафи аслияш, аз ҷумла истиқлоли энержӣ беист талош дорад. Онҳо ба гунаи мисол мегӯянд, ки соли гузашта сохтмони садди обанбори Роғун шурӯъ шуд ва нахустин чархааш интизор меравад соли оянда мавриди истифода қарор бигирад.

Аммо дар баробари ин бархе аз коршиносону мардум мегӯянд, ҳанӯз мушкили бекорӣ, муҳоҷират, иқтисод, корхонаҳои саноатӣ ва дастрасӣ ба таълиму тиб ҳалли мусбати худро наёфтааст. Гузашта аз ин, ба гуфтаи онҳо солҳои охир фазои сиёсии Тоҷикистон ва фаъолияти хабарнигорону вакилони мудофеъ ва фаъолони ҷомеаи маданӣ ба шиддат маҳдуд шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷалби ҳазорон нафар барои омодагӣ ба ҷашни истиқлоли Тоҷикистон