Ҳазорон нафар бо норозигӣ аз тасмими ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, барои амалиёт дар шаҳри Идлиб баъд аз зуҳри 7-уми сентябр ба хиёбонҳо баромаданд. Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор додааст, ки ин амалиёт боиси фоҷиаи башарӣ хоҳад шуд.
Эътирозҳо пас аз он оғоз шуд, ки Ҳасани Рӯҳонӣ – раиси ҷумҳури Эрон ва Владимир Путин – президенти Русия дар нишасти Теҳрон аз тасмими режими Асад барои таҳти назорати комил даровардани Идлиб – охирин паноҳгоҳи шӯришиён – пуштибонӣ карданд.
Аммо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, дар ин нишаст бо амалиёт дар Идлиб мухолифат кардааст. Ӯ пешниҳод кардааст, ки дар Идлиб оташбас эълон шавад.
Дар ҳамин ҳол, гуруҳи дидбони ҳуқуқи башар дар Сурия, ки марказаш дар Лондон аст, гуфт, нирӯҳои ҳавоии Русияву Сурия Идлиб ва минтақаҳои атрофи онро бомбаборон кардаанд.