Додситони шведӣ: порадиҳии роҳбарони пешини ширкати Telia ба Гулнора Каримова исбот шуд

Ларс Нюберг

5 сентябр - дар рӯзи дувуми муҳокимаи додгоҳии парвандаи се роҳбари пешини ширкати мобилии Telia ошкор шуд, ки барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ба кӣ ва чи қадар пора дода шудааст. Ҷузъиёти ҷараёни додгоҳро хабарнигори Радиои Озодлик аз дохили толори додгоҳ дар Стокҳолм гузориш медиҳад.

Сар аз соли 2007 то 2010 роҳбарони ширкати TeliaSonera (ки ҳоло Telia ном гирифтааст), комилан бо хоҳиши худ ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов дар маҷмуъ 400 миллион доллари ИМА пора додаанд.

Мукотибаҳои айбдоршавандаҳо дар мавриди ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ва ҳуҷҷатҳои бонкии интиқоли маблағ ҳамчун далел дар додгоҳ муаррифӣ шуданд.

Ба гуфтаи додситон Гуннар Стетлер, ширкати TeliaSonera моҳи феврали соли 2007 талоши ворид шудан ба бозори Ӯзбекистонро шуруъ кард. Дар мукотибаҳои роҳбарони пешин зикр шудааст, ки "бе пуштибонӣ аз боло" дар Ӯзбекистон тиҷорат ба роҳ мондан имкон надорад.

Дар ин мукотибаҳои аз Гулнора Каримова "G, Lady, the Daugter" ёд шудааст. Ӯро яке аз одамони бонуфузтарини Ӯзбекистон ёд мекунанд, ки метавонад барои ворид шудан ба бозори мобилии ин кишвар "чароғи сабз" диҳад.

"Ман шубҳа надорам, ки далели порадиҳиро исбот кардаам ва маҳз Гулнора Каримова будааст, ки пора гирифтааст. Боқимондаро додгоҳ ҳал мекунад", - гуфт додситон Гуннар Стетлер.

Муҳокимаи парвандаи порагирии духтари президенти пешини Ӯзбекистон Гулнора Каримова дар Стокҳолм 4 сентябр шуруъ шуд. Се роҳбари пешини ширкати Telia - мудири пешини иҷроия Ларс Нюберг, мудири пешини молӣ ва ноиб-президенти пешин Теро Кивисаарӣ, инчунин мушовири пешини асосӣ дар умури тиҷорати Авруосиё Улӣ Туима муҳокима мешаванд.

Қарор аст, додгоҳ моҳҳои январ - феврали соли 2019 ҳукми ин се танро эълон кунад.