NYT: Мюллер омодааст, посухҳои Трампро ба таври хаттӣ пазирад

Роберт Мюллер

Додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер, ки ба таҳқиқи дахолати Русия дар интихоботи президентии соли 2016 машғул аст, гуфт, омодааст, посухҳои Доналд Трамп, президенти ИМА ба саволҳоро ба таври хаттӣ қабул кунад.

Дар ин бора нашрияи The New York Times рӯзи 4 сентябр бо такя ба ду манбаи огоҳ аз қазия хабар дод.

Ба иттилои расонаҳо, Роберт Мюллер ҳашт моҳи охир талош дорад, Доналд Трампро ба гуфтугӯ розӣ кунад. Дар ниҳоят Трамп розӣ шуд, ки ба суолҳои додситони махсус посух диҳад. Аммо вакилони мудофеи президенти ИМА ба ин мухолифат нишон доданд.

Охири моҳи апрел нашрияи The New York Times хабар дод, ки Мюллер ба вакилони Трамп бештар аз 40 суол фиристодааст. Пурсишҳо ба дахолати Русия дар интихоботи президентии ИМА рабт доранд. Трамп ба матбуот роҳ ёфтани ин суолҳоро шармандагӣ номид.

Гурӯҳи Роберт Мюллер қазияи эҳтимоли созиши ситоди интихоботии Трамп бо Кремлин, дар ҷараёни омодагӣ ба интихоботи соли 2016-ро бозҷӯӣ мекунад. Мюллер мехоҳад ошкор кунад, ки оё ситоди интихоботии Трамп ҳамроҳи Кремл тавтеаи камранг кардани фаъолияти ситоди рақиби Трамп аз Ҳизби демократӣ Ҳилларӣ Клинтонро ба роҳ мондаанд ё на. Москва дахолаташро дар интихоботи президентии ИМА рад мекунад. Доналд Трамп низ борҳо таҳқиқи дахолати Русияро "ҷанг бо аҷузаҳо" номидааст.

Пештар хабар расида буд, ки Мюллер тирамоҳи имсол таҳқиқашро ба охир хоҳад мерасонад.