Тасвири духтари тоҷик бо тани нимаурён. Дар ҳолати кашидани куртаи атлас аз тан, ҳангоми хоб, сигор дар лабу фаранҷӣ дар сар... Ин намунаҳое аз наққошиҳои Маърифат Давлатоваи 25-сола аст, ки тамошобинонро ба чолиш кашидааст.
- Намоишгоҳи тасвири духтари ҷавони нимаурён дар Душанбе барои бисёре аз тамошобинон ногаҳонӣ буд. Баъзеҳо гуфтанд, ки ба ҷасорату ҳунари муаллиф аҳсан мехонанд, аммо ҳосили заҳматҳои ӯро мухолиф бо арзишҳои суннатӣ арзёбӣ мекунанд.
Хостам, ба як гуруҳи мардон нишон бидиҳам, ки бадани зан як чизи маъмулист ва набояд онро зиёд муҳокима кард
Худи қаламкаш мегӯяд, ҳарчанд барои бисёре аз сокинони Тоҷикистони аксар мусалмоннишин дидани чунин наққошиҳо ғайриинтизор буд, шахсан ба мавзӯи тасвири тани урён нигоҳи касбӣ ва эҷодӣ дорад. Маърифат Давлатова рӯзи 4-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо ин расмҳо мехоҳад, як навъ эътирозашро аз вуҷуди мушкили нобаробарии ҷинсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон баён кунад.
Вокуниш ба таҳқири мардон
Маърифат ба тасвири табиати зани тоҷик ҳанӯз ду сол пеш таваҷҷӯҳ кард ва аз наққошиҳои аввал дарк намуд, ки ҷомеа барои қабули ин қабил расмҳо чандон омода нест. Аввалин коре, ки аз ин силсилааш дар як намоишгоҳи Вена гузошта ва баъдан аз роҳи Интернет ба доираи васеи тамошобин муаррифӣ шуд. Мегӯяд, маҳз дар интернет вокунишҳои зидду нақизи тамошобинро дид ва дар бораи назари мардум ба ин мазмун наққошиҳо тасаввурот ҳосил кард.
"Инро метавон ҳамчун як вокуниш ба таҳқири мардон гуфт. Ман зан ҳастам ва, мутаассифона, на як бору ду бор нигоҳҳои бешармонаи мардонро нисбат ба худ мушоҳида кардаам. Борҳо таҳқир мекарданд, бадани урёни занро ҳатто соатҳо муҳокима мекарданд. Хостам ба як гуруҳи мардон дар ҷомеа нишон бидиҳам, ки бадани зан як чизи маъмулист ва набояд онро зиёд муҳокима кард", - гуфт ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Пайдо кардани қаҳрамон осон нест"
Маърифат Давлатова мегӯяд, аксари модел ё қаҳрамонҳои наққошиҳояш наздикон ҳастанд ва талош кардааст, дар офаридаҳо чеҳра ва намое аз либоси зани замонавии тоҷикро тасвир кунад. Ба қавли Маърифат, бо вуҷуди тасаввури умда, офаридани занони нимурён кори осон нест ва пеш аз ҳама ба он хотир ки на ҳама моделҳо розӣ мешаванд, чеҳраашон кашида шавад. Аз ин хотир, дар баъзе ҳолат симои тахайюлии қаҳрамонҳоро тасвир мекунад.
Ӯ гуфт, "пайдо кардани қаҳрамон мушкил аст. Вале тасвири бадани занон дар наққошиҳоям воқеӣ аст, ҳарчанд симои онҳо пинҳон мемонад."
"Мегӯянд, кори хатарнок аст"
Маърифат Давлатова барои бо чунин шева тасвир кардани занони тоҷик аксаран интиқод ва ҳатто таҳдид ҳам мешунавад, вале мегӯяд, аз ин тариқ қолабҳои шахшударо шикастанист.
"Ҳангоми нақшофарӣ, албатта, аз ман мепурсанд, ки чаро ба ин кор машғулам? Ин кор хеле хатарнок аст ва ҳоло ҷавонам ва набояд таваккал кунам. Аммо ин суханҳо баръакс маро водор мекард, ки ба пеш ҳаракат кунам. Фикр мекунам, бояд ба зиндагии тарснок хотима диҳем. Мо дар ҷомеаи озоду дунявӣ зиндагӣ дорем", - афзуд ӯ.
Наққошиҳои Маърифат Давлатова таҳти унвони “Интизорӣ”, “Нигоҳ”, “Гули сафеди тобистон”, “Зан аз водии Бартанг”, “Зани тоҷик”, “Ҳаёт”, “Зани ветнамӣ” ва “Қадами охирин” дар намоишгоҳе дар толорҳои меҳмонхонаи “Серена” гузошта шудааст, ки интизор меравад то 11-уми сентябр идома кунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: “Ҷанги баҳорӣ”-и атлас, “мини-юбка” ва ҳиҷоб дар ДушанбеФарҳанги бегона?
Дар миёни тамошобини асарҳои Маърифат Давлатова онҳое ҳам буданд, ки бо назари интиқодӣ баҳо медоданд. Шаҳло Шоҳмансурова, духтаре, ки барои тамошои осори Маърифат омада буд, ба ҳунари наққошиаш таҳсин гуфт, аммо аз он нигаронӣ кард, ки чунин тасвирҳо барои ҷомеаи тоҷик бегона аст. "Фикр мекунам, набояд ба фарҳанги бегона рӯ оварем. Зеро занҳо дар фарҳанги мо ҳамеша поку беолоиш буданд ва бо ин ҳамеша фарқ мекарданд", - афзуд ӯ.
Онҳое ҳам, ки ин намоишгоҳро тамошо карданд, мегӯянд, ҷомеа метавонад ба оҳистагӣ ин ҳамаро одат кунад. Меҳрубон Давлатова, як сокини дигари Душанбе ба ин бовар аст, ки тасвир ва намоиши чунин аксҳо метавонад барои аз байн бурдани нобаробарӣ миёни занону мардон мусоидат кунад.
"Ин порнография нест"
Вале ба фарқ аз занон, мардони тоҷик мегӯянд, бадани урёни зан дар ҷомеаи Тоҷикистон як мавзӯи табу аст ва одат кардани мардон ба чунин тасвирҳо ғайриимкон мебошад. Маҳмад яке аз онҳост. Ӯ гуфт, ҳарчанд намоишгоҳро надидааст, майли рафтан ба намоишгоҳро надорад. "Мардон наметавонанд дар ҳузури дигарон чунин аксҳои урёни занони тоҷикро тамошо кунанд", - гуфт ҳамсуҳбати мо.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Бӯсаҳо"-и Гули Зард ӯро аз Иттифоқи нависандагон берун кардВале рассомони номӣ мегӯянд, анъанаи офариниши тани урёни зан нав нест ва аз даврони қадим ҳамчун намунаи осори зебои ҳунар пазируфта шудааст. Вафо Назаров, рассоми мардумии Тоҷикистон, рӯзи 4-уми сентябр гуфт, тасвири бадани зан, тавре аксарият фикр мекунанд, "порнография" нест, балки фақат як санъати зебои рассомист.
Намоиши бадани зан, ба қавли Вафо Назаров, таҷрибаи маъмул ва табиӣ аст, ки барои мисол мешавад онро ҳам дар саҳнаи ҳунари балет ва ҳам соҳили баҳру ҳавзҳо дид. "Як рассоми машҳури ҷаҳон гуфтааст, ки беҳтарин асари рассомӣ тасвири бадани зан аст. Аммо аз як осори тасвирӣ намешавад ҳангома сохт. Вақте рассом чизеро меофарад, ин ҳунари ӯст, вале бинанда чӣ баҳо медиҳад, ин қазовати шахсии ӯст", - хулоса кард рассом.
Намоишгоҳи ҳунарҳои наққошии Маърифат Давлатоваро дар баробари сокинони маҳаллӣ меҳмонҳои хориҷӣ ҳам дида метавонанд.