Маҳфили рақси арабӣ, ки як сол аст дар Душанбе фаъол аст, ба занони алоқаманд вижагиҳои рақси арабиро меомӯзонад. Баҳринисо Шамсиева, мураббии яке аз фитнес-клубҳо ва маҳфили рақси арабӣ дар пойтахт, рӯзи панҷшанбеи 11 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, таваҷҷӯҳи занони тоҷик ба ин рақс ва машқи бадан ба ӯ идеяи таъсиси ин студияи вижаро дод.
Хонум Шамсиева, ки се соли қабл маркази варзишӣ ва фитнес-клуберо барои занону ҷавондухатарон таъсис дода буд, ҳоло дар толори Маркази “Пойтахт” барои занҳо рақси арабӣ ҳам меомӯзонад. Вай мегӯяд агар солҳои қабл ҷавондухтарону занон ба фитнес-клубҳо аксаран дар пайи бемориҳои мухталиф, ба хусус дарди сутунмуҳра ва фарбеҳӣ рӯ оварда, бадани худро ҷисман обутоб медоданд, ҳоло бошад занон ба рақси арабӣ бештар таваҷҷӣҳ доранд, то худро рӯҳан низ ором кунанд.
Баҳринисо Шамсиева ҳамчунин гуфт, аксари муштариёни ин маҳфил заноне ҳастанд, ки бо хоҳиши шавҳаронашон омӯзиши рақси арабиро интихоб кардаанд ва ё онҳое, ки аз субҳ то шом дар назди компютер нишаста, бештар ба корҳои фикрӣ машғуланд: “Бештар барои занҳои то 50 сола ва духтарҳои ҷавон писанд аст рақси арабӣ. Аксари онҳо, ки каме ба рақс майл доранд, аз ин навъи варзиш завқ мебаранд. Онҳо мехоҳанд, саломатии худро нигоҳ доранд, ҳамеша зебо бошанд. Аксаран талош мекунем ҳангоми машғул шудан ба рақс занҳо тамоми мушкиливу хастагии худро фаромӯш кунанд ва як соат ҳам бошад, худро орому болидарӯҳ эҳсос кунанд”.
Ба таъкиди хонум Шамсиева, ҳоло дар ин маҳфил бештар аз 20 нафар занону духтарони синни 14 то 50 сола рақси арабӣ меомӯзанд ва як омили завқи занон ба ин навъи рақс дар он будааст, ки мусиқии арабӣ барои онҳо нисбатан ошност.
Муҳаббати 31-сола, аз ҷумлаи ҷавондухтаронест, ки дар ин маҳфил, рақси арабӣ меомӯзад. Ӯро ба ин маҳфил, сактаи равонӣ ва фарбеҳии аз ҳад зиёд овардааст. Муҳаббат мегӯяд, дар инҷо онҳо бо истифода аз мусиқиҳои гуногуни арабӣ ва либосҳои махсус, мерақсанд ва бо ин роҳ ба машқи бадан машғул мешаванд. Вай ин навъи рақс барои ҷавондухтарони тоҷик бисёр муҳим медонад, “чун варзиш ва хушҳолӣ андоми онҳоро хуб нигоҳ медорад”.
Дар ҳамин ҳол, Баҳринисо Шамсиева, мураббии рақси арабӣ мегӯяд, бо он ки ҳеҷ як мактаби мусиқиро нагузаштааст, аммо аз хурдсолӣ ба мусиқиву рақси арабӣ таваҷҷӯҳ дошт ва пайваста бо ин навъи мусиқӣ ба варзиш машғул буд. Ба гуфтаи ӯ, занону ҷавондухтарон дар ин маҳфил вобаста ба вақти интихобшуда ҳафтае 3 маротиба машқи рақс мекунанд.
Ин мусоҳиби мо таъкид мекунад, ки омӯзиши рақси арабӣ натанҳо як навъи ҳунар, балки як омили сиҳатӣ ва мавзун нигаҳ доштани қаду қомат аст: “Шояд ягон нафар аз ин занону духтарон дар маросиму саҳнаҳои бузург рақс накунанд, аммо дар назди шавҳаронашон метавонанд бирақсанд”.
Фарҳангшиносон мегӯянд, дар чанд соли ахир дар қаламрави кишварҳои Шӯравии собиқ рақси арабӣ маъмул шудааст ва дар Русия, Қазоқистон ва Озарбойҷон ҳатто курсҳои махсуси омӯзиши рақси арабӣ таъсис шудаанд. Мушоҳида мешавад, ки дар Тоҷикистон низ омӯзиши рақси арабӣ хоҳишмандони зиёде дорад, ҳарчанд то кунун теъдоди чунин маҳфил ва ё марказҳои омӯзиши дақиқ гуфта нашудааст.
Бо он, ки руҳониён ҳунарнамоии зан, ба вижа, зани нимаурён дар назди мардҳои бегона ва дар назди издиҳомро хилофи шариат медонанд, шояд ба ин хотир Баҳриниссо Шамсиева ҳам мегӯяд, маҳфили омӯзиши рақси арабӣ пӯшида аст ва ҷое, ки занон тамрин мекунанд, вуруди афроди бегона аз ҷумла мардон мамнӯъ аст.
Таърихи пайдоиши рақси арабӣ ва ба кадом кишвар мансуб будани он солҳо боз мавриди баҳс қарор дорад. Муҳаққиқони мисрӣ мегӯянд, ки “рақси арабӣ” ҳанӯз аз айёми фиръавнҳо боқӣ мондааст. Аммо бархе муаррихон мутмаинанд, ки “зодгоҳ”-и ин рақс Ҳинд аст.