Дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо варзишгарони қазоқ пешсафанд

Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён дар Қирғизистон

Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён дар Қирғизистон

Дастаи мунтахаби Қазоқистон дар ду рӯзи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо дар Қирғизистон бо 19 медал - 7 тило, 7 нуқра ва 5 биринҷӣ феълан, дар ҷойи аввал қарор дорад.

Мунтахаби кишвари мизбон - Қирғизистон бо 5 медали тилову 5 нуқра ва 7 биринҷӣ мақоми дувумро касб кардааст. Варзишгарони Туркманистон бо 12 медал - 5 тило, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ мақоми севумро соҳибанд.

Дастаи Русия бо 7 медал (се тило) дар мақоми чаҳорум ва варзишкорони ӯзбек бо 12 медал (ду тило) дар мақоми панҷум қарор доранд.

III-умин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо 2 сентябр дар аспрез ё ипподроми деҳаи Бактуу-Долонтуи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон оғоз шуда, то 8 сентябр идома хоҳад кард.

Дар қувваозмоиҳо 1,5 ҳазор варзишкор аз 66 кишвари дунё ширкат мекунанд. Дар маҷмуъ 594 медал - 174 тило, 173 нуқра ва 247 биринҷӣ тақдим карда хоҳад шуд.