Ба хотири сайёҳони кушташуда муҷассама гузоштанд. ВИДЕО

Дар макони ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон муҷассамаи дучарха гузошта шуд.

  • Дар ҳамлаи рӯзи 29-уми июли имсол дар деҳаи Себистон чаҳор сайёҳи хориҷӣ кушта шуда, ду нафари дигар осеб диданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт. Аммо мақомот ангушти иттиҳоми худро ба сӯи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дароз карданд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ин ҳизб зери пӯшиши парчами гуруҳи "Давлати исломӣ" ҳамларо анҷом додааст.

Пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи дучарха дар ноҳияи Данғара рӯзи 2-юми сентябр сурат гирифт. Ҳамон рӯз даҳҳо дучархарони дохиливу хориҷӣ низ ба хотири гиромидошти қурбониёни ҳамла ба Данғара рафтанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Данғара муҷассамаи дучархаро гузоштанд

"Тоҷик ҳеҷ гоҳ қотил набуд"

Маҳмадсаид Шарофов аз аввалин дучархаронҳое буд, ки бо тай кардани 80 километр роҳ ба маҳалли қатли сайёҳони хориҷӣ расид ва ба пайвандони онҳо изҳори таслият намуд. Шарофови 32-сола гуфт, "ҳеҷ гоҳ тоҷик қотил набудааст. Аммо сахт аст, вақте сайёҳе, ки мехост бо дучарха кишвари моро сайр кунад, дар инҷо кушта шуд. Умед дорам, ин ҳодиса боиси кам шудани таваҷҷуҳи хориҷиҳо ба кишвари мо намегардад".

Чорабинии дучархаронҳо ва ҳам гузоштани муҷассамаи дучарха таҳти назорати шадиди амниятӣ анҷом шуд. Дучархаронҳоро аз Душанбе то Данғара нозирони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ҳамроҳӣ доштанд.

Ҳабибуллоҳ Амирбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, муҷассамаи дучархаро дар ин макон рамзи эҳтиром ва арзи таслият ба оилаи қурбониҳо номид. Ӯ гуфт, "ин ҳодиса наметавонад, садди роҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон шавад."

Дар маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи дучарха даҳҳо сайёҳи хориҷӣ иштирок карданд. Душан Кмоҳ, як ҷаҳонгард аз Ҷумҳурии Чех, аз баргузории чунин маросим изҳори хушӣ кард. Ӯ гуфт, дар бораи ҳамла ба сайёҳон аз матбуот хабар ёфт ва хеле нороҳат шуд.

"Шунидани чунин хабарҳо барои ман барин дучархарон тарсноку дилхарошкунанда аст", - ҳамсуҳбати мо.

Аммо ба фарқ аз дигар иштирокдорон дар ин марафон намояндаи сафорати Амрико бо дучархаи қадимӣ ва лавҳае ба ёди ду амрикоии кушташуда ҳузур пайдо кард. Ҷеф Руденур, намояндаи сафорати Амрико дар Душанбе аз пойтахт бо дучарха ба маҳалли қатли сайёҳони хориҷӣ ба Данғара рафт. Вай гуфт, "муҳим аст, ки мо дар бораи ин ҳамла фикр мекунем".

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Фоҷеаи cайёҳон. Қурбониёни ин ҳодиса киҳо буданд? ВИДЕО

Маҳалли қатли сайёҳон гулборон шуд

Ҷеф Руденур афзуд, ин дучархаи қадимиро як нафар ба онҳо тақдим кардааст, то аз ин тариқ ҳамдардии худро иброз кунад: "Ин нафар намехоҳад, ки номаш зикр шавад. Лекин ин дучархаро ба хотири амрикоиҳо – Ҷей ва Лорен супурд, ки дар ин ҳамла кушта шуданд. Инҳо дар сафорати Амрико мемонанд ва ин як рамзи самимияти мардуми тоҷик аст."

Дар ин рӯз маҳалли ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ ба хотири гиромидошти онҳо гулборон шуд ва акси ду сайёҳи амрикоӣ – Ҷей Остин ва Лорен Гейган, Воке Рене Виллемм – шаҳрванди Нидерландия ва Хамел Маркус – шаҳрванди Швейтсария низ гузошта шуд.

Ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон дар Тоҷикистони на танҳо сокинон, балки сохторҳои ҳифзи қонуни кишварро ҳам таконзада кард. Рӯзи 10-уми августи имсол мутахассисони бахши сайёҳии кишварҳои узви Итиҳоди Давлатҳои Мустақил дар як нишаст дар Душанбе изҳори умед карданд, ки ҳамла ба сайёҳон хориҷиҳои дигарро аз дидани зебоиҳои Тоҷикистон бознамедорад.

Аммо Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико дарҳол мақоми Тоҷикистонро аз ҷиҳати амният барои сайёҳон як зина поин овард.

Ҳамла ба сайёҳон

Ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ рӯзи 29-уми июли имсол дар Себистони Данғара рух дод. Дар ин ҳамла чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Аустин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Тоҷикон мардуми меҳрубонанд!" - Охирин паёми сайёҳони кушташуда. ВИДЕО

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҳамларо Ҳусейн Абдусамадов, Зафарҷон Сафаров, Асомуддин Маҷидов, Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуфовҳо анҷом додаанд. Дар амалиёти боздошти ҳамлаварон чаҳор нафари онҳо “безарар гардонда шуда”, танҳо Ҳусейн Абдусамадов дар боздошт аст. Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки дар робита ба ин ҳамла даҳ нафарро дастгир кардаанд, ки ду нафар барои кумаки молӣ ва ҳашт тани дигар барои “хабар надодан” аз тарҳи ҳамла муттаҳаманд.