Дар ноҳияи Бешарики вилояти Фарғонаи Узбекистон автобуси ҳомили 40 мусофир дар ҷӯйи канори роҳ сарозер шуд. Хабар дода мешавад, автобус занону кӯдаконро барои ҷамъоварии мева мебурд.
Дар натиҷаи ин садама 7 нафар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд. Ҳодиса рӯзи 30 август рух додааст.
"Дар натиҷаи садама мусофирон ҷароҳат бардоштанд. Ба ҳамаи онҳо ёрии тиббӣ расонида шуд", - гуфт ба Бахши Узбекии Радиои Озодӣ яке аз табибони бемористоне, ки мусофирон онҷо бистарӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, мусофирон ба ҷамъоварии ҳосили шафтолу мерафтанд.