Пешниҳоди ҷазо ба духтури дандон ва сартарошҳои "беинсоф" дар Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мақомот пешниҳод кард, духтурони дандон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошҳоеро, ки боиси ба бемории сироятӣ печидани сокинон мешаванд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми сентябр, ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, гуфт, ин масъала ҳарчи зудтар дар Кодекси ҷиноӣ ворид гардад.

  • Вай, инчунин, хостори ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани масъулони дорухонаҳое шуд, ки "маводи тиббии бесифат, муҳлаташ гузашта, қалбакӣ ва бо роҳи қочоқ воридшударо мефурӯшанд".

Ба қавли президент Раҳмон, дар ҳоли ҳозир дар кишвар беш аз 250 маркази хусусии табобати дандон фаъол аст, ки "вазъи қисме аз онҳо ташвишовар мебошад".

Эмомалӣ Раҳмон

​Ӯ гуфт, "санҷишҳо нишон медиҳанд, ки дар аксар муассисаҳои хусусии табобати дандон меъёрҳои соҳаи тандурустӣ риоя намешавад. Қисми зиёди утоқу таҷҳизоти онҳо ба талаботи беҳдоштӣ мутобиқат намекунад. Чунин вазъ боиси ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудани одамоне мегардад, ки ба чунин муассисаҳо муроҷиат мекунанд."

Аз Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ хоста шуд, ки барои рафъи чунин камбудҳо "чораҳои қатъӣ андешанд".

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дандони тило: Кунем ё накунем?

Тайи чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон фаъолияти даҳҳо муассисаи беҳдоштӣ, аз ҷумла дандонпизишкиҳоро бастаанд. Дар гузашта бархе аз сокинон шикоят карда буданд, ки дар пайи табобат ё кандани дандони дардманди худ дар баъзе марказҳои хусусии дандонпизишкӣ ба бемории Гепатити "С" гирифтор шудаанд.

Аз ҷумла, моҳи феврали имсол ​Вазорати тандурустии Тоҷикистон фаъолияти 22 дандонпизишкиро қатъ кард ва моликони ин муассисаҳоро барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ муттаҳам намуд.

Насим Олимзода

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар моҳи феврали имсол гуфт, баъди онки муассисаҳои хусусии дандонпизишкӣ зиёд шуд, назорат болои ин муассисаҳо ҷиддӣ гардид. "То ин замон ҳам назорат буд, албатта. Фаъолияти ин муассисаҳо ҳамеша назорат мешавад, зеро муассисаҳои дандонпизишкӣ, ба вижа, хусусӣ зиёд шудааст", - афзуд Олимзода.

Дар Тоҷикистон дандонпизишкӣ яке аз касбҳои обрӯманд ва ба таъбире “равғанӣ” маҳсуб мешавад. Аммо айни замон, ба гуфтаи мутахассисон, кори дандонпизишк дар муқоиса бо табибони дигар сангинтар аст.

Як пизишки дандон дар шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тайи тақрибан чаҳор сол боз фаъолияти онҳо зери заррабин аст. "Мо тақрибан як сол боз аз муштариҳои худ маълумотномаи гепатитро талаб мекунем. Аксари таҷҳизотро ҳам нав кардем. Сокинон низ дар ҳар куҷо дандонашонро табобат намекунад. Марказҳои хубу тозаро аз баду ифлос мешиносанд", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мардони тоҷик дар кошонаҳои ҳусн

Ӯ пешниҳоди ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани онҳоеро, ки масъули ба бемориҳои сироятӣ печидани сокинон ҳастанд, хуб арзёбӣ кард, аммо гуфт, "дар баъзе ҳолат метавонанд аз ин қонун сӯиистифода кунанд".

"Барои мисол, як нафар даъво мекунад, ки гӯиё баъди табобати дандон бемор шудааст. Дар ҳоле ки метавонад иллати бемориаш чизи дигар бошад. Шояд ба хотири нишон додани омор метавонанд одамро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд. Бигзор дар ин хел ҳолат қазия одилона баррасӣ шавад", - гуфт пизишки дандон.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Шиква аз дандонпизишкон. "Дард"-е, ки аз дарди дандон камтар нест

Ду сол пеш мақомот дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ба дари 35 кошонаи ҳусн, маҳалли ороиши занон ҳам қуфл заданд. Онҳо гуфтанд, ки ин кошонаҳои ҳусн "қоидаи санитариву гигиенӣ"-ро риоя накардаанд.

Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон соли 2013 аз сартарошҳо хостанд, то ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши ВИЧ, вируси норасоии масунияти бадан, аз тарошидани риши мизоҷон даст бикашанд. Мақомот гуфта буданд, дар аксар сартарошхонаҳо теғҳои ришгириро ба таври бояд "дезинфексия" намекунанд.