Кошонаи ҳусн ё ороишгоҳҳо дар Тоҷикистон, то имрӯз асосан ба занон марбут мешуданд ва ин ақида вуҷуд дошт, ки зебу ороиш танҳо моли занҳост. Вале ҳоло дар Тоҷикистон даҳҳо ороишгоҳе вуҷуд дорад, ки дар он дар баробари занҳо мардҳоро низ оро медиҳанд.
Масъулони кошонаи ҳусни "Гули шаҳр" дар Душанбе, ки барои ороиши мӯю рӯи мардон хизмат мерасонад, мегӯянд, ки завқи бархе аз мардони тоҷик тағийр ёфтааст ва акнун онҳо ба зоҳири худ бештар таваҷҷӯҳ мекунанд.
Ҷаҳонгир, корманди кошонаи ҳусни “Гули шаҳр”, дар як рӯз то 10-15 муштарӣ дорад ва мегӯяд, "ҳоло ҷавонон ба ороиши мӯйи худ таваҷҷӯҳи хос доранд. Бо шеваҳои мухталиф мехоҳанд мӯйи сарашонро оро диҳанд. Мӯйи сари баландро бештар дӯст медоранд ҳоло. Ҷавонҳое ҳам зиёданд, ки мӯйи сарашон барвақт сафед шудааст ва мехоҳанд онро ранг ва сиёҳ кунанд. Бархе барои тағйир додани ранги пӯстирӯяшон, ки дар офтоб сӯхтааст, муроҷиат мекунанд.”
Мизоҷони ороишгари нохунҳо ҳам фақат занон нестанд. Муштариёни Лайло, кормандони идорӣ, бонку ниҳодҳои давлатӣ ва ҷавонони замонавӣ ҳастанд.
Лайло Азизова, ороишгари нохун мегӯяд, "мардон, албатта, мисли занон рангу бор намекунанд нохунҳои худро, аммо тозаву озода мекунанд. Қаблан ҳам муроҷиат ба мо аз сӯи мардон буд, аммо бештар онҳое буданд, ки бо ягон мушкил масалан, вақте нохун ба гӯшташон медаромад муроҷиат мекарданд ё онҳое меомаданд, ки дар шабакаҳои телевизионӣ кор мекарданд, аммо ҳоло ҷавонони маъмулӣ ҳам муроҷиат мекунанд. Тозагӣ ҷойи айб надорад."
Таваҷҷӯҳи зиёди мардҳо ба зоҳир ва сурати худ дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон маъмулан хуш қабул намешавад. Аммо онҳое, ки бо намуди зоҳирӣ, шеваи либоспӯшӣ ё ороиши мӯйи худ аз дигарон каме фарқ мекунанд, мегӯянд, ки ин андешаҳо дигар кӯҳна шудааст ва зебову хушсалиқа будан новобаста аз ҷинс барои ҳама муҳим аст.
Муҳаммад, яке аз мусоҳибони мо шахсиятҳои муваффақу маъруфи ҷаҳонро мисол меорад ва мегӯяд: “Ба шахсиятҳои муваффақу маъруфи дунё таваҷҷӯҳ кунед ҳама дилкаш ва хушсурат ҳастанд ва худ зиёд нигоҳубин мекунанд. Мо дар замони муосир зиндагӣ дорем. Бояд ҳама стереотип ё қолабҳои кӯҳнаро дигар фаромӯш кунем. Ман фикр мекунам ҳар як шахс бояд ба зоҳири худ таваҷҷӯҳ кунад, то зебову дилкаш бошад. Зебогӣ дунёро наҷот медиҳад.”
Бархе ҳам бар ин боваранд, ки сурат ва шакли зоҳирии инсон, масалан, хушлибосу хушрӯ ва хушсуҳбат будан дар бисёр маврид ба пешрафти кор ва муваффақияти ӯ таъсиргузор аст ва ин гурӯҳи мардон дар дарёфти ҷойи кор шонси бештар доранд. Умар, ҷавоне, ки ҳоло дар Маскав кору зиндагӣ дорад, инро дар таҷрибаи худ мушоҳида кардааст.
“Ман аз хурдӣ чунин тарбия ёфтаам, ки ба сару либосу зоҳири худ аҳамият медиҳам. Чизе мехарам, ки ба худам зебанда бошад. Дар Маскав ман менеҷер дар тиҷорати меҳмонхонаҳо будам ва ин бисёр муҳим аст барои корам. Дар хориҷ вақте шуморо ба коре гирифтанӣ мешаванд ё ягон ҷойи ҷамъиятӣ меравед ба сару либос таваҷҷӯҳи ҷиддӣ медиҳанд. Агар одам ба худаш аҳамият надиҳанд, алакай муносибат бо ту дигар мешавад. Дар ислом ҳам тозагии одам зарур аст,” – гуфт мусоҳиби мо.
Аммо ба қавли ин мусоҳиби мо таваҷҷӯҳи беш аз ҳад, аз ҷумла истифодаи крему маҳлулҳои мухталиф барои зебову ҷавон мондан ва ё рангубори абрубарои мардон аллакай беш аз меъёр ва қобили қабул нест. Чун, ба қавли ӯ, рангубори рӯй дигар танҳо хоси занон аст.
Мутахассисони пӯст ва ороиши рӯй мегӯянд, ки ба хотири рӯйпӯш кардани нишонаҳои пирӣ аз ҷумла ожангу доғҳои рӯй баъзан мардон ҳам ба онҳо муроҷиат мекунанд. Аммо бештар аз ҳама ҳоло миёни мардоне, ки дар сохторҳои идорӣ кор мекунанд, ранг кардани мӯйҳои сафедшуда мушоҳида мешавад.
Пажӯҳишҳо муайян кардааанд, ки дар нахустин сӯҳбату мулоқот 75 дарсади таваҷҷӯҳи инсон ба намуди зоҳирии ҳамсӯҳбаташ равона мешавад. Илми равоншиносӣ ҳам тасдиқ мекунад, ки таассуроти нахустин аз инсон, аз намуди зоҳирии ӯ баргирифта мешавад ва ин таассурот баъдан метавонад дар пешрафт ва ё баръакс нақши муҳим бозад. Аммо албатта гуфта мешавад агар ин ҳама дар доираи меъёр бошад.