Қирғизистон 27-умин солгарди истиқлоли худро ҷашн мегирад

Парчами Қирғизистон

Қирғизистон имрӯз 27-умин солгарди истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад. Чорабинии асосӣ бахшида ба ин сана дар майдони марказии "Ала-Тоо"-и шаҳри Бишкек баргузор мешавад. Президент Сооронбой Ҷеенбеков дар чорабинӣ суханронӣ ва мардуми кишварашро табрик гуфт.

Ба чорабинии расмӣ, ҳамчунин президентҳои пешини Қирғизистон, вакилони порлумон, аъзои ҳукумат, ходимони фарҳангӣ ва варзишгарон даъват шудаанд. Чорабиниҳои ҷашнӣ дар шаҳру вилоятҳои дигари Қирғизистон низ идома доранд.

Қирғизистон соли 1991 истиқлоли давлатӣ касб кард. Нахустин президенти ин кишвар Аскар Оқоев, ки 15 сол ҳокимият кард, дар инқилоби соли 2005 сарнагун шуд. Ҳукумати президенти дувум Қурмонбек Боқиев пас аз 5 соли интихоб шуданаш низ дар натиҷаи инқилоб аз байн рафт ва худи ӯ маҷбур шуд дар соли 2010 аз кишвар фирор кунад.

Роза Отунбоева, ки дар пайи ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 раҳбарии ҳукумати муваққатро бар зимма гирифт, 27 июни худи ҳамон сол дар натиҷаи як раъйпурсӣ президенти Қирғизистон интихоб шуд. Ӯ низ баъд аз як сол қудратро ба Алмосбек Отамбоев супурд ва Отамбоев то соли 2017 президенти Қирғизистон буд. Моҳи октябри соли 2017 Сооронбой Ҷеенбеков президенти нави Қирғизистон интихоб шуд.

Ҷеенбеков дар сухани табрикотияш гуфт, озодӣ муфт ба даст намеояд, онро дар натиҷаи муборизаҳои беамон метавон дарёфт. "Роҳи гузаштагони мо ба ин санаи бузург хеле тӯлонӣ ва пурмашаққат буд. Онҳо барои озодии деринтизор асрҳо мубориза бурданд. Барои истиқлоли кишвар писарону духтарони зиёдеро аз даст додаанд", - афзуд ӯ.