Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш аз вазъи коргардони зиндонии Украина Олег Сентсов, ки 108 рӯз боз дар маҳбаси Русия гуруснанишинӣ эълон кардааст, изҳори нигаронӣ кард. Дар ин бора намояндаи расмии дабири кулл Стефан Дюҷаррик хабар дод.
Ду ҳафта пеш коршиносони СММ гуфтанд, ки ҳаёти Сентсов ба хатари ногузир рӯ ба рӯ аст ва аз мақомоти Русия даъват карданд, ӯро "фаврӣ ва бе ягон қайду шарт" озод кунанд.
Коргардони украинӣ Олег Сентсов бо иттиҳоми "омода кардани амали террористӣ" дар Қрими ишғолшуда ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст.
Ӯ гуноҳро эътироф намекунад. Сентсов рӯзи 14-уми майи имсол, бо талаби озод кардани ҳамаи зиндониёни Украина дар маҳбасҳои Русия, даст ба гуруснанишинӣ зад. Вакилони коргардон аз вахим шудани саломатии ӯ хабар медиҳанд.
Дар моҳҳои охир беш аз 100 шахсияти шинохтаи фарҳангии ҷаҳон озодии Сентсовро талаб карданд. Онҳо аз мақомоти расмии Иттиҳоди Аврупо ва СММ дахост карданд, ки барои озодии фаврии коргардон Русияро таҳти фишор қарор диҳанд.