Абдуҳамид Отаҷонов, муллои 61-сола аз вилояти Хоразми Узбекистон, ки навори ишқварзиаш дар Интернет роҳ ёфт, кормандони пулисро ба дахолат дар умури хусусиаш айбдор кард.
Наворе, ки дар он муллои урён ҳамроҳ бо як духтари ҷавон сабт шудааст, ҳафтаи гузашта дар Интернет нашр шуд. Дар навор дида мешавад, ки кормандони пулис ба маҳзи ворид шудан ба ҳуҷра ин мард ва духтари ҷавонро бозпурсӣ мекунанд.
Абдуҳамид Отаҷонов гуфт, ин навор 6 сол пеш сабт шудааст.
"Ҳамсар надорам ва ба ин хотир ҷиноят содир накардаам. Ман бо зане дар манзили худам хоб будам, магар ин мамнуъ аст? Ин зан худаш ба манзили ман омадааст, ман ӯро маҷбурӣ наовардаам. Вай ба манзили ман омаду гуфт: "Шумо ҳамсар надоред. Ман либосатонро мешӯям, дасту бозуятонро маҳс мекунам". Баъд миёни мо робитаи ҷинсӣ барқарор шуд. Аммо ғайриинтизор ба манзили ман кормандони пулис даромаданд. Акнун онҳо навори шаш соли пешро дар Интернет нашр кардаанд", - гуфт ӯ.
Отаҷонов кормандони пулисро дар дахолат ба ҳаёти шахсӣ айбдор мекунад.
"Чанде пеш кормандони пулис ба манзили ман омада, бо роҳи таҳдид талаб карданд, ки ман ариза навишта, даъво надоштанамро тасдиқ кунам. Аммо ман нанавиштам. Ман талаб мекунам, ки онҳоро муҷозот кунанд", - гуфт Абдуҳамид Отаҷонов.
Сокинон мегӯянд, Абдуҳамид Отаҷонов ба дуохонӣ машғул аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад