Тоҷикистон ба нахуствазир ва вазири хориҷии Узбекистон орден дод

Эмомалӣ Раҳмон ба шуморе аз шахсиятҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва илми Узбекистон мукофотҳои давлатии Тоҷикистонро тақдим кард. Узбекистон ҳам ба шуморе аз шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ додааст.

Тибқи иттилои дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи 28-уми август, ин афрод барои "таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, робитаҳои фарҳангию башардӯстона, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи самарабахши байни ду кишвар ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек саҳми босазо гузоштаанд, бо мукофотҳои давлатииТоҷикистон сарфароз гардонида шуданд."

Аз ҷумла бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ва вазири умури хориҷии он кишвар Абдулазиз Комилов ордени "Исмоили Сомонӣ" дараҷаи ду, супурда шуд.

Вазири оби Узбекистон Шавкат Ҳамроев бо ордени "Шараф" дараҷаи 1, мушовири вазири корҳои дохилии Узбекистон Зокирҷон Алматов, раиси маркази фарҳанги миллии тоҷики вилояти Самарқанд Абдулваҳҳов Воҳидов, мушовири вазири оби Узбекистон Исмоил Ҷӯрабеков, мудири шӯъбаи рӯзномаи "Овози тоҷик" Тухтамиш Тухтаев ва профессори кафедраи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бухоро Таваккал Чориев бо ордени "Дӯстӣ" қадршиносӣ шудаанд.

Ҳамчунин ба Шералӣ Ҷӯраев, овозхони маъруфи узбек ва Мавлуда Халилова, ходими калони илмии шӯъбаи "Устод-шогирд"-и Маркази миллии узбекии санъати мақоми Узбекистон, унвони фахрии "Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон" дода шуд.

Тақдими мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ба шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангии Узбекистон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон дар рӯзҳои 17-18 август, Шавкат Мирзиёев ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон ордени "Эл Юрт Ҳурматӣ" тақдим намуда буд. Ин ҷоизаро президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бегоҳи 17-уми август дар барномаи “Шоми дӯстӣ”-и Тоҷикистону Узбекистон дар шаҳри Тошканд тақдим кард.

Дар ҳамин ҳол, тибқи фармони раиси ҷумҳури Узбекистон, шуморе аз ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намоянагони фарҳанг, илм ва беҳдошти Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Узбекистон сарфароз шуданд. Бино ба иттило оҷонсии милии УзА, тибқи фармони раиси ҷумҳури Узбекистон, Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷии Тоҷикистон бо ордени "Барои хизматҳои фидокорона" қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин шоир Низом Қосим, сароянда Давлат Холов ва Адҳам Холиқов ва дигарон, бо мукофотҳои давлатии Узбекистон сарфароз гаштанд.