Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ таҳдид кард, ки агар созиши ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ дигар ҷавобгӯи манфиатҳои Эрон набошад, кишвар аз он хориҷ хоҳад шуд. Дар ин бора Reuters бо такя ба нашри изҳороти Хоманеӣ дар саҳифаи шахсии ӯ гузориш дод.
Раҳбари Олии Эрон аз ҷумла гуфт, ки "созиши ҳастаӣ ин як васила аст, на ҳадаф". Хоманеӣ аз сиёсатмадорони Эрон даъват кард, дигар умедвор нашаванд, ки Аврупо дар ҳифзи ин созиш кӯмак мекунад.
Хоманеӣ гуфт, ки Теҳрон дар робита ба бознигарии қарордоди ҳастаӣ, аз музокирот бо Вашингтон даст мекашад.
Рӯзи гузашта сафири ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид Никки Ҳейлӣ гуфт, ки агар сармоягузорӣ ба Эрон қатъ нашавад, ин кишвар ба силҳи ҳастаӣ даст меёбад.
Доналд Трамп дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуд ва дар моҳи ҷорӣ даври аввали таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон дубора ба ҳолати иҷро даромад. Доналд Трамп пеш аз ин борҳо созиши ҳастаӣ бо Эронро ноқис ва онро бадтарин тавофуқ номида буд.