Испания "шарик"-и додситони пешини Узбекистонро озод кард

Алишер Ходиев

Додгоҳи Испания қарори истирдоди соҳибкор Алишер Ҳодиевро, ки "шарики ҷиноӣ"-и додситони кулли пешини ин кишвар Рашид Қодиров номбар мешуд, бекор кард. Вакили дифои соҳибкор Хуан Карлос Брей гуфт, Ҳодиев аз ҳабс озод карда шуд.

Алишер Ҳодиеви 40-сола 10 марти соли ҷорӣ дар Барселона бо дархости Додситонии кулли Узбекистон боздошт шуд. Ҳодиевро дар ватан ба тамаъҷӯӣ, қаллобӣ ва пулшӯӣ айбдор мекунад.

Иттиҳоми зидди Ҳодиев дар доираи парвандае эълон шуд, ки нисбати Рашид Қодиров оғоз шудааст. Додгоҳи Испания қарори истирдоди Ҳодиевро бекор карда, дар шарҳи тасмими худ гуфт, Додситонии кулли Узбекистон номи соҳибкорро аз рӯйхати афроди ҷустуҷӯшаванда берун кардааст.

Ба гуфтаи Хуан Карлос Брей, Додситонии кулли Узбекистон ба қарори ахири додгоҳи Испания эътироз накард, вале гуфт, ки соҳибкор бояд барои додани баёнот ба ватан баргардад. Додситонӣ то ҳол шарҳ надодааст, ки чаро номи Ҳодиевро аз рӯйхат берун кард.

Вале вакили дифои Ҳодиев ба намояндаи Додситонии кулли Узбекистон, ки ба Испания рафта буд, расман изҳори нобоварӣ кард ва гуфт, ки Узбекистон аснодеро, ки ӯ аз номи зерҳимояаш пешниҳод кард, ба парванда шомил накард. Бинобар ин, вакил ба воқеияти гуфтаҳои додситонӣ шубҳа дорад.

Алайҳи Алишер Ҳодиев дар асоси шикояти раҳбари яке аз бузургтарин бонкҳои тиҷории Узбекистон - "Инфинбонк" Фарҳод Мамадҷонов парванда боз шудааст. Ҳодиев гӯё бо Қодировҳо шарик буда, солҳои 2009-2013 аз Мамадҷонов беш аз 2,6 миллион доллар пора гирифтааст.