Вазири корҳои хориҷии Мексика Луис Витегарай Касо рӯзи сешанбе гуфт, ки кишвараш барои бунёди девор дар марзи Ийолоти Муттаҳидаи Амрико пул намедиҳад. "Мо ин мавқеи худро дар оғоз эълон карда будем",- гуфт Касо.
Вазири хориҷии Мексика ба ин тартиб ба изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп вокуниш кард, ки гуфтааст "дар ниҳояти амр" Мехико қимати деворро мепардозад ва ин нисбатан "кори осон" хоҳад буд.
Энрике Пеня Нието, президенти Мексика низ ба изҳороти Трамп посух дод. Ӯ гуфт, сарфи назар аз ин ки дар соҳаи тиҷорат бо ИМА ҳамдигарфаҳмӣ ҳосил шуд ва равобити ду кишвар бисёр мусбат аст, аммо Мексика "дар ҳеҷ сурат пули деворро намедиҳад".
Трамп аз Конгресс барои иҷрои ваъдаи давраи интихоботиаш - бунёди девор дар байни ИМА ва Мекиска, 25 миллиард доллар дархост кард. Сенати Амрико ҳоло тарҳеро баррасӣ мекунад, ки бар пояи он маъмурияти Трамп барои ин барнома 1,6 миллиард мегирад.