Писари ҷангалбони кушташуда: Ба тани падарам 6 тир задаанд. САДО

Акс аз бойгонӣ

Ду ҷанглабони тоҷикро, ки аз дасти афроди силоҳбадаст дар наздикии марз бо Афғонистон кушта шуданд, дар ноҳияи Фархор дафн карданд. Дар маросими бахоксупории Ҳамрохон Саидов ва Давлат Сангинов, ки рӯзи 27-уми август баргузор шуд, мақомоти маҳаллӣ ва интизомӣ иштирок доштанд.

  • Ин ду нафар рӯзи 26-уми август дар минтақаи марзии "Ҳамадонӣ" аз тири гурӯҳи номаълум ба қатл расиданд, ки эҳтимол ба таври ғайриқонунӣ аз хоки Афғонистон гузашта буданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Алихон Саидов: Ба китфу пойи падарам шаш тир задаанд

Мегуфт, то замони ба нафақа баромаданаш чаҳор моҳи дигар мондааст. Аммо насиб накард. Ба баданаш шаш тир задаанд - ду тир дар китфу боқимонда дар миён ва пояш.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бо гузашти ду рӯз амалиёти ҷустуҷӯи ин гурӯҳи 10-12-нафарӣ идома дорад. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 28-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи ноҳияи Фархор бо Афғонистон ором аст аз натиҷаҳои тафтишот баъдан маълумот хоҳем дод."

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, корманди хоҷагии ҷангал Ҳамроҳхон Саидов ва ду ҳамкори дигараш - Давлат Сангинов ва Сафархон Раҳмонов савори мошини тамғаи "Нива" бар асоси иҷозатномаи махсус машғули ҷамъоварии хӯроки чорво буданд.

Алихон Саидов, писари Ҳамрохон Саидов, рӯзи 28-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, падараш 62 сол дошт ва 36 сол боз дар идораи ҷангал кор мекард. "Онҳо ба наздикии марз мерафтанд ва ягон дафъа намегуфт, ки ҳарос дорад. Дар дарун боғу чорво ҳаст. Қабл аз онки ба наздикии марз бираванд, ба мо чизе нагуфта буд. Хонаи ман аз хонаи ӯ ҷудо аст ва ду рӯз қабл аз ҳодиса бо ӯ телефонӣ суҳбат доштам", - нақл кард ӯ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Толибон: Тоҷикистон ба қочоқбарон ҳамла кард, на ба мо. ВИДЕО

Алихон гуфт, хабари тирпарронӣ ва ҳалокати падарашро аз забони амакҳояш шунид. Ӯ гуфт, ҳамон рӯзи ҳодиса дар як маърака дар хонаи холааш буд.

"Соати чаҳор амакам занг зад ва шумораи телефони падарамро пурсид. Шумораашро додам. Пас аз чанд муддат боз як амаки дигарам занг зад ва гуфт, фаҳмидед, ки дар наздикии марз тирпарронӣ шудааст. Ба роҳ баромада, ба раиси идораи ҷангал занг задам. Гуфт, тирпарронӣ шудааст ва маълум нест, вазъи падараму ҳамроҳонаш чи гуна аст", - афзуд ӯ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷикистон 5 пул ва як гузаргоҳи марзӣ бо Афғонистонро баст. САДО

Алихон Саидов мегӯяд, барои ба нафақа баромадани падараш ҳамагӣ чаҳор моҳи дигар боқӣ мондааст: "Мегуфт, агар ҳамин чаҳор моҳро муваффақона ба поён бибарад, дигар давраи пирӣ хоҳад ронд. Аммо дар насибаш набудааст. Ба баданаш шаш тир задаанд, ду тир дар китфу боқимонда дар миёну пояш."

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ин ҳодисаро кори дасти гуруҳи номаълум номид, ки ғайриқонунӣ марзи Афғонистону Тоҷикистонро убур кардаанд. Бархе манбаъҳо ҳамлагаронро аъзои Толибон номидаанд.

Тафсилот ва радду бадалҳо дар ин бора:

ТОЛИБОН: ТОҶИКИСТОН БА ҚОЧОҚБАРОН ҲАМЛА КАРД, НА БА МО​