Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду қурбонии ҳамлаи афғонҳо дар Фархор ба хок супурда шуданд


Бар пояи маълумоти расмӣ, ду сокини ноҳияи Фархор, ки баъд аз зӯҳри 26-уми август аз тири гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ дар наздикии марз ҷон бохтанд, ба хок супурда шуданд. Дар маросими дафни Ҳамрохон Саидов ва Давлат Сангинов, ки рӯз душанбеи 27-уми август баргузор шуд, мақомоти маҳаллӣ ва интизомии ноҳия Фархор иштирок доштанд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Раёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон рӯзи 28-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар минтақаи марзии "Ҳамадонӣ" амалиёт барои ошкор ва аз байн бурдани ин гурӯҳи мусаллаҳи афғон ҷараён дорад. Ӯ вазъ дар марзи ноҳияи Фархор бо Афғонистонро ором гуфт ва афзуд, ки аз натиҷаҳои ин амалиёт алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи афғон, баъдан маълумот хоҳанд дод.

Тибқи иттилои Раёсати марзбонии Тоҷикистон, рӯзи 26-уми август гурӯҳи 10-12 нафараи силоҳбадастони афғон марзи Тоҷикистонро дар ҳудуди ноҳияи Фархор убур намуда ва ба як мошини тамғаи "Нива" оташ кушоданд. Ба гуфтаи манбаъ, бар асари ин тирандозӣ Ҳамрохон Саидов ва Давлат Сангинов кушта ва Сафархон Раҳмонов захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG