Ҳаниф Атмар аз мақоми мушовири амнияти миллӣ истеъфо дод

Муҳаммад Ҳаниф Атмар

Муҳаммад Ҳаниф Атмар

Муҳаммад Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии Афғонистон аз мақомаш истеъфо дод.

Қодир Шоҳ, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ истеъфои оқои Атмарро тасдиқ кард, аммо ҷузъиёт надод.

Ҳаниф Атмар аз соли 2014 яке аз наздикони раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ хонда шудааст. Ӯ дар замони раёсати Ҳомид Карзай, президенти пешини Афғонистон, дар мақоми вазири умури дохилӣ кор кардааст.