Браян Ҳук, намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон, аз тасмими Иттиҳодияи Аврупо барои фароҳам овардани миллионҳо евро кумаки молӣ ба Теҳрон интиқод кардааст. Ҳук рӯзи 24-уми август дар як баёяния гуфт, ин кумак паёми нодурустро дар замони нодуруст мефиристад.
Ӯ дар идома афзудааст, кумаки хориҷӣ ба Эрон аз андозсупорандаҳои аврупоӣ сабаби тақвияти режими Эрон мешавад, то ниёзмандиҳои мардумро нодида бигирад ва аз тағйири чашмраси сиёсатҳояш худдорӣ намояд.
Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, барои ҷуброни иқтисодии таҳримҳои Амрико болои Эрон 18 миллион евро ба он кишвар кумак мекунад.
Маъмурияти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, пас аз хуруҷи ин кишвар аз созиши ҳастаӣ бо Эрон, дубора алайҳи он кишвар таҳримҳоро ҷорӣ кард.