Дар посух ба силсилаи таҳримҳои ИМА алайҳи Маскав, ки соли равон ҷорӣ шуд, Русия қавл дод, ки талошҳои муштаракашро бо Чину Эрон барои манъи истифодаи доллари амрикоӣ дар тиҷорати байналмилалӣ, махсусан бахши нафт, вусъат мебахшад.
Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков рӯзи 23 август дар сӯҳбат бо маҷаллаи "Равобити байналмилалӣ" гуфт, " фурсате фаро расидааст, ки мо аз сухан ба амал гузарем, аз доллар ҳамчун василаи додугирифти байниҳамӣ даст кашем ва аз пайи ҷойгузини дигар шавем,"- навиштаанд хабаргузориҳои русӣ аз қавли Рябков.
Русия ва Эрон, ду кишвари умдаи тавлидкунандаи нафт аст, ки саноати онҳо ҳадафи таҳримҳои ИМА қарор гирифтааст. Чин, ки солҳо боз мехоҳад доллари амрикоиро ҳамчун арзи яккатози ҷаҳонӣ иваз кунад, ахиран бо ИМА ба баҳси тиҷоратӣ ворид шуда ва ҳар ду тараф боло бурдани тарофаҳои содиротиро ҳамчун абзори муҷозот истифода мекунанд.
Вазири энержии Русия Александр Новак ахиран гуфт, ки теъдоди рӯ ба афзоиши кишварҳо мехоҳанд дар додуситадҳои нафтӣ ва тиҷоратҳои дигар аз доллари амрикоӣ даст бардоранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад