Италия ҳушдор дод, ки агар Брюссел ба авзо дар атрофи киштии нигаҳбони соҳил, Dicotti, ки муҳоҷирони наҷотёфта дар он қарор доранд, расидагӣ накунад. Италия пардохти ҳақи аъзогияш ба Иттиҳоди Аврупоро қатъ мекунад. Дар ин бора нахуствазири кишвар Луиҷи Ди Майо рӯзи 23 август хабар дод.
Ҳафтаи гузашта маллоҳони киштии Dicotti 177 муҳоҷирро аз баҳр бардошта, хостанд онҳоро то бандарҳои Малта расонанд. Баъди гирифтани ҷавоби рад ба самти ҷазираи Лампедуза ҳаракат карданд ва дар Ситсилия манъ шуданд. Ҳукумати Италия иҷозат надод, ки муҳоҷирон аз киштӣ ба соҳил гузаранд ва талаб кард, ки онҳоро дар кишварҳои дигари Иттиҳоди Аврупо ҷойгир кунанд.
Азбаски бахши умдаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишварҳои Африқои Шимолӣ аз тариқи Баҳри Миёназамин ворид мешаванд, Италия дар маркази буҳрони муҳоҷирати аврупоӣ қарор гирифтааст. Ҳукумати нави Италия қавл дод, ки бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза мебарад.
Рум ҳамкорӣ бо созмонҳои ғайридавлатиро, ки ба наҷоти муҳҷирон дар соҳилҳои Африқо машғул буданд, қатъ ва соҳилҳояшро барои киштиҳои онҳо масдуд кард. Рӯзи 11 июл ҳукумати Италия қабули киштии Aquarius бо 629 муҳоҷирро рад кард. Дар натиҷа киштии ҳомили паноҳҷӯёнро Испания ва Фаронса қабул кард.