Дар пасманзари шиддат гирифтани ихтилофҳои тиҷоратӣ, Иёлоти Муттаҳида ва Чин рӯзи 23-юми август алайҳи якдигар тарофаҳои бештар ҷорӣ карданд.
Тарофаи 25 дарсадӣ, ки қаблан эълон шуда буд, ба иҷро даромад ва намояндагони ду кишвар барои ҳалли баҳси тиҷоратӣ дар Вашингтон мулоқот карданд.
То ҳол ҳеҷ аломати пешрафт дар ҳалли даъвое, ки Амрико мегӯяд Чин технологияҳоро ба яғмо мебарад ва рушди саноати Пекин тааҳуди ин кишварро бар баробари тиҷорати озод нақз мекунад, ба назар намерасад.
Тарофаҳои нав ба $16 миллиард маҳсулоти ҳар кадом тараф - бо шумули мошинҳо ва оҳанпора аз тарафи ИМА, техникаи саноатии сохти Чин ва ҷузъҳои электрониии инкишварро фаро мегирад.
Дар даври аввал, 16-уми июл, Амрико барои маҳсулоти содиротии Чин ба маблағи ба $34 миллиард, 25 дарсад тарофа ҷорӣ кард.
Чин низ ба ҳамин андоза содироти ИМА-ро муҷозот кард.
Пекин Вашингтонро ба нақзи қоидаҳои Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат муттаҳам мекунад ва мегӯяд, онро дар додгоҳ ба чолиш мекашад.