Як марди мусаллаҳ бо корд ду нафарро дар канораҳои Париж кушт

Пулиси Фаронса

Як марди масуллаҳ рӯзи 23-юми август бо корд дар канораҳои Париж ба раҳгузарон ҳамла кард. Бино ба маълумоти охир, ду нафар кушта ва як нафар шадидан захмӣ шуд.

Ходимони пулис ҷинояткорро ҳангоми фирори ӯ аз ҷойи ҳодиса маҳв карданд.

Гуфта мешавад, ҳамлагар соли 1982 таваллуд шуда, қаблан барои тавҷеҳи терроризм маҳкум ба зиндон буд.

Ангезаи ин ҳамла маълум нест. Ба маълумоти шабакаи телевизионии BFM TV, яке аз фарзияҳо низои дохилӣ аст. Қурбониҳо модар ва хоҳари ҳамин ҷинояткор буданд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт. Аммо хабаргузории Reuters мегӯяд, ин гурӯҳ барои исботи иддаои худ ҳеҷ далел пешниҳод накард.

Мақомоти Фаронса феълан ин ҳамларо амали террористӣ эътироф накардаанд.